Расонаҳо: Толибон сӯйи занони эътирозгар дар Кобул оташ кушоданд

© AFP 2021Афганские женщины с плакатами, акция протеста в Герате
Афганские женщины с плакатами, акция протеста в Герате  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.12.2021
Ҳоло маълумот дар мавриди қурбониёну захмиён рӯи даст нест
ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Толибон ба тазоҳуроти занони Афғонистон дар Кобул вокуниши мусаллаҳона нишон доданд. Хабаргузории афғонистонии "Asvaka" иттилоъ дод, ки толибон сӯйи занони эътирозгар оташ кушоданд.
Манбаъ меафзояд, ҳодиса дар минтақаи бемористони созмони башардӯстонаи итолиёвии "Emergency" рух додааст. Дар бораи талафот ва захмиён ҳоло маълумоте рӯи даст нест.
Қаблан шабакаи телевизионии "TOLOnews" хабар дода буд, ки гурӯҳе аз занон дар пойтахти Афғонистон тазоҳуроти эътирозӣ доир намуда, талаби эҳтироми ҳуқуқ ва беҳбуди шароити зиндагияшонро кардаанд.
Ин шабака бо истинод ба шиорҳои занони норозӣ мегӯяд: "Мо садои мардуми гурусна ҳастем. Занҳо аз хоб бедор шуданд, мо аз табъиз нафрат дорем".
Бывший президент Афганистана Ашраф Гани - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.12.2021
Ашраф Ғанӣ дар феҳрасти "Фосидтарин фарди сол" қарор гирифт
Гуфта мешавад, дар тазоҳурот даҳҳо зани афғонистонӣ иштирок карданд.
Бояд гуфт, ин эътирози нахустини занони афғонистонӣ набуда, онҳо қаблан ҳам норизогии худро алайҳи сиёсати толибон баён карда буданд.
Чанд моҳ пеш занони ин сарзамин бо шиорҳои "Зан инсон аст!", "Мо гуруснаем!" ва "Сукути СММ шармандагист!" садо баланд карда буданд.
Толибон дар аксари минтақаҳои Афғонистон занону духтаронро аз таҳсилу кор маҳрум карданд. Маҳз ҳамин маҳдудиятҳо норизогии занонро барангехт.
Феълан ҳукумати муваққати толибонро ягон кишвар ба расмият нашинохтааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала