Аз рублу доллар то евро: Эълони қурби асъори хориҷӣ дар баробари сомонӣ дар Тоҷикистон

© Sputnik / Владимир Трефилов / Гузариш ба медиабонкДеньги
Деньги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.12.2021
Обуна шудан
Дар бозори арзи Тоҷикистон қурби евро коҳиш ёфтаву аз рублу доллар бошад, устуворанд
ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард.
Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, арзиши рубли русӣ дар бозори арзи кишвар боло рафта, ҳоло 1000 рубл 0.153,6 сомонӣ арзиш дорад.
Рубл бошад, пас аз як муддати тӯлонӣ, ки дар ҳолати навасон қарор дошт, то охири соли ҷорӣ дар баробари сомонӣ муътадил боқӣ монд.
Арзиши асъори аврупоӣ низ боло рафта, дар бозори арзи кишвар ҳоло як евро 12.7792 сомонӣ қимат дорад. Ду рӯз қабл дар кишвар бар ивази 1 евро 12 сомонию 80 дирам медоданд.
Ёдовар мешавем, баҳори имсол ин асъор ба болотарин ҳадди нишондодҳояшрасид, ки он замон барои як евро 13,83 сомонӣ медоданд, аммо беш аз ним сол аст, ки мунтазам устуворияшро аз даст медиҳад ва дар ҳоли шинокунанда қарор дорад.
Арзиши пули амрикоӣ дар бозори арзи Тоҷикистон устуворияшро нигоҳ медорад, ва дар поёни сол майли гаронӣ дорад. Ҳоло 1 доллар дар бозори арзи кишвар 11.3000 сомонӣ аст.
Пачка долларов  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.11.2021
Иқтисоддон гуфт, ки навъи нави коронавирус чӣ гуна долларро тағйир медиҳад
Ҳамчунин қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА аз 11.3000 то 11.3000 сомонӣ;
1 евро аз 12.7792 то 12.9500 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1536 то 0.1555 сомонӣ.
Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0