Станакзай: Дар дунё ду абарқудрат вуҷуд дорад - аввал Амрико, дувум толибон

© Фото : twitter account of Inamullah SamanganiЗаместитель министра иностранных дел Афганистана Аббас Станакзай
Заместитель министра иностранных дел Афганистана Аббас Станакзай - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.12.2021
Обуна шудан
Муовини сиёсии Вазорати умури хориҷии ҳукумати толибон дар нишасте дар вилояти Лугар гуфтааст, ба генералҳои амрикоӣ тавсия карданд, ки дар сатҳи дунё ду абарқудрат вуҷуд дорад: аввал Амрико ва дувум толибон
ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Шермуҳаммад Аббос Станакзай, муовини сиёсии Вазорати умури хориҷии ҳукумати сарпарасти толибон, ки ахиран ба муносибати вуруди нерӯҳои шӯравӣ ба Афғонистон дар Лугар суханронӣ кард, гуфтааст, шикастро на танҳо англису шӯравӣ дар Афғонистон таҷриба карданд, балки Амрико ҳамроҳ бо 52 кишвар низ аз Афғонистон шикаст хурданд.
Вай афзуд, Афғонистон дар ҳоли ҳозир бо мушкилоти иқтисодӣ ва сиёсӣ рӯ ба рӯст ва ҳама мардум бояд барои ҳалли ин чолишҳо муттаҳид шаванд.
Вай афзуд, нерӯҳои хориҷӣ дигар набояд ба Афғонистон баргарданд.

"Амрикоиҳо дар соли 2001 ба мардуми афғон бо ғурур, зулм ва бераҳмӣ ҳамла кард, 52 кишвари дигар ҳам дар ин ҷанг саҳм гирифт, аз пешрафтатарин силоҳҳо ва таҷҳизоти низомӣ истифода карданд, аммо натиҷаашро надиданд", - гуфт Станакзай.

Дар ҳамин ҳол Анас Ҳаққонӣ, узви тими музокиракунандаи толибон дар Қатар гуфт: "Ҳеҷ низоми золими зургӯ боқӣ намонд".
Линия электропередачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.12.2021
Қарордод имзо шуд: Тоҷикистон як соли дигар ба Афғонистон барқ мефурӯшад
Вай аз масъулини толибон хостааст, ки ҷилави зулму зургӯиро бигиранд ва ба кормандони низоми қаблӣ низ ба чашм ҳақорат нанигаранд.
Ҳаққонӣ таъкид кард, дар канори кормандони низоми қаблӣ онон саъй мекунанд, ки хусуматҳои гузаштаро аз байн баранд ва болои шахсиятҳои илмии кишвар бештар тамаркуз намоянд.
Ин мақомдори толибон тасреҳ кард, ки тамаркузи онон болои афроди корфаҳм ва шоиста аст.
Лентаи хабарҳо
0