Тоҷикистон Ӯзбекистонро беоб нагузошт

© МИД РТВстреча Посла Республики Таджикистан с Министром водного хозяйства Республики Узбекистан
Встреча Посла Республики Таджикистан с Министром водного хозяйства Республики Узбекистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.12.2021
Обуна шудан
Дар баробарии баррасии масъалаи истифода об ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар арафаи Наврӯз чорабинии фарҳангӣ доир кунанд
ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Дар Тошканд сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон бо Вазири хоҷагии оби ин кишвар вохӯрд.
Бинобар иттилои дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, Абдуҷаббор Раҳмонзода бо ҷаноби Ҳамроев мулоқот кард.
Гуфта мешавад, дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба, бахусус дар ҷиҳати истифодаи оқилонаи об ибрози назар намуданд.
Флаги Узбекистана и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.12.2021
Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба ҳамдигар замин медиҳанд: чаро?
Вазири ӯзбек зикр намудааст, ки соли ҷорӣ яке аз солҳои камобтарин дар минтақа ба шумор мерафт.

"Бо шарофати дӯстии миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон ин мушкилиҳо ба осонӣ паси сар гардиданд", - афзудааст Ҳамроев.

Ба гуфтаи вазир, кишоварзони Ӯзбекистон танқисии обро эҳсос накарданд.
Манбаъ меафзояд, дар идомаи суҳбат аз робитаҳои дӯстонаи Тоҷикистону Ӯзбекистон гуфта шуд ва ҳамчунин ҷонибҳо изҳори омодагӣ намуданд, ки дар арафаи Наврӯз чорабинии фарҳангӣ баргузор мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0