Тоҷикистону Қирғизистон дар мавриди таҳқиқи муноқишаҳои марзӣ тавофуқ карданд

© Sputnik / Гузаштан ба хазинаи аксМобильный комплекс видеонаблюдения на границе, архивное фото
Мобильный комплекс видеонаблюдения на границе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.12.2021
Намояндагони Қирғизистону Тоҷикистон ҳаводиси ахири марзиро якҷоя тафтиш мекунанд
ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Намояндагони манотиқи марзии Тоҷикистону Қирғизистон мулоқот анҷом доданд, гузориш медиҳад ҳукумати вилояти Бодканд.
Раиси вилояти Бодканди Қирғизистон Учқунбек Ҷоробоев ва раиси шаҳри Исфараи Тоҷикистон Баҳоваддин Баҳодурзадо ҷиҳати ба эътидол овардани вазъ дар минтақаи марзӣ дидору гуфтугӯ карданд.
Гуфта мешавад, тарафҳо дар ҷараёни музокирот дар ҷиҳати таҳқиқи муштараки ҳаводиси қаблӣ аз тарафи маъмурони пулиси ду кишвар ба мувофиқа расидаанд.
Ҷонибҳо ҳамчунин бар зарурати ҷилавгирӣ аз чунин амалҳои иғвоангез таъкид карданд.
"Мо пешакӣ мувофиқа кардем, то дар зимни таҷлил аз Соли Нав аз ҳар гуна ташдиди вазъ ҷилавгирӣ намоем. Барои ин маъмурони пулиси ҳар ду вилоят якҷоя кор хоҳанд кард", - гуфт Учқунбек Ҷоробоев.

"Мо ба мувофиқа расидем, ҳодисаҳои сангпартоӣ ба мошинҳоеро, ки аз шоҳроҳҳо мегузаранд, якҷоя тафтиш кунем. Ғайр аз ин мо розӣ шудем, ки барои пешгирӣ аз ташаннуҷи авзоъ дар арафаи иди Соли Нав чораандешӣ кунем. Барои ин кормандони милитсияи ҳар ду ноҳия якҷоя кор хоҳанд кард", - гуфтааст Учкунбек Ҷоробоев.

Ёдовар мешавем, ахиран шаби 22-юми декабри соли равон, тахминан соатҳои 22:00 хонаи сокини деҳаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара Муҳаммадҷон Довудов мавриди тирпаронӣ қарор гирифт.
Мақомоти шаҳри Исфара хабар доданд, ки дар натиҷаи тирпаронӣ оинаҳои хонаи Муҳаммадҷон Довудов шикаста, тирҳо то ба ҷойи хоб ва деворҳои хона бархӯрдаанд.
Дар ҳамин ҳол КДАМ Қирғизистон марзбонони тоҷикро дар захмӣ кардани ронандаи "КамАЗ" айбдор мекунанд. КДАМ Тоҷикистон то ҳол тафсилоти ин ҳодисаро ироа накардааст.
Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.12.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
КДАМ се қазияи ахири марзиро шарҳ дод: "Опел"- и ҳомили марзбонҳои қирғиз сарҳадро шикаст
Рӯзи 26-уми декабр бошад, аз қазияи нав дар марз бо Тоҷикистон хабар дода шуд. Ҷониби Қирғизистон бинобар таҷаммуи низомиёни тоҷик дар марз ва роҳандозии реҷаи пурзӯри хидмат дар бархе аз қисматҳои сарҳад изҳорот дод.
Тарафи Тоҷикистон феълан ин қазияҳоро шарҳ надодааст, аммо дар зимни тавзеҳи қазияҳои қаблӣ изҳор дошт, шаҳрвандону марзбонҳои қирғиз ба иғвоангезӣ роҳ медиҳанд, ки боиси ташаннуҷи вазъ дар марз мегардад. Ин ҳафтаи севум аст, ки пай дар пай дар марз ҷанҷол сар мезанад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала