Жириновский пешниҳод кард, ки таътили Соли Нав дар Русия лағв шавад

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузаштан ба хазинаи аксКандидат в президенты РФ В. Жириновский принял участие в соревнованиях "Московская лыжня-2018"
Кандидат в президенты РФ В. Жириновский принял участие в соревнованиях Московская лыжня-2018 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.12.2021
Вакили Думаи давлатии Русия пешниҳод кард, ки ин рӯзҳо ба идҳои солонаи русҳо илова карда шаванд
ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Раҳбари ҲЛДР Владимир Жириновский пешниҳод кард, ки маросими солинавӣ бинобар афзоиши марг лағв шавад.
Ба гуфтаи ӯ, ба русҳо бояд имкон дода шавад, ки ин рӯзҳоро ба рухсатии солонаашон зам кунанд.

"Ҳизби либерал-демократӣ ҷонибдори нигоҳ доштани шумораи рӯзҳои истироҳат барои шаҳрвандон аст, аммо ба ҷои таътили умумии муқарраршуда, беҳтар аст, ки ба 28 рӯзи таътили муқаррарӣ 15 рӯзи дигар илова шавад", - гуфт Жириновский дар мусоҳиба бо РИА "Новости".

Ба гуфтаи ӯ, рӯзҳои таҷлили солинавӣ давраи ҷаҳиши шадиди маргумир аст, ба ҷуз ин 10 рӯзи "локдаун"-и солинавӣ мардумро ба майзадагӣ водор мекунад.
Ба андешаи ӯ, беҳтар аст, русҳо худашон интихоб кунанд, ки кай онҳо ин ба ҷои ин рӯзҳо истироҳат мекунанд. Вай истисно накард, ки онҳоро барои Соли Нав захира кардан мумкин аст.
Президент РФ Владимир Путин во время прогулки в тайге - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.12.2021
Путин Соли навро чӣ гуна таҷлил мекунад?
Сиёсатмадор афзуд, ки бисёриҳо мехоҳанд дар моҳи май як ҳафтаи изофӣ таътил гиранд, то истироҳатгоҳҳои тобистонаи худро ба мавсими кишт омода кунанд.
Вакили парлумон мутмаин аст, ки кишвар дар умури иқтисод низ дар ин даврон зарари зиёд мебинад.
Бояд гуфт, ки таътили солинавӣ дар Русия соли 2012 ҷорӣ шуда буд.
Ёдовар мешавем, ки имсол дар Русия 31 декабр рӯзи истироҳат эълон шуда, қаблан гуфта шуда буд, ки дар оянда ин рӯз ба таври доимӣ ғайрикорӣ хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала