Зодрӯзи Аҳмадзода: 29 декабр дар таърих

© © Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария ВишняковаДень 29 декабря
День 29 декабря  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.12.2021
Бисту нуҳуми декабр Муғулистон аз Рӯзи истиқлол ва Ирландия Рӯзи Сарқонунро таҷлил мекунанд

Муҳимтарин рӯйдодҳои 29 декабр дар ҷаҳон

Соли 1970 барои назорати шароити меҳнат дар ИМА идораи ҳифзи меҳнат ташкил карда шуд.
Соли 1982 дар Ямайка аввалин бор маркаи почтавӣ ба истифода дода шуд.
Соли 1991дар Ӯзбекистон барои ба даст овардани истиқлол раъйпурсӣ гузаронида шуд. Инчунин дар ин рӯз интихоботи умумихалқии президенти Ӯзбекистон баргузор гардид.
© Sputnik / Валерий Мельников / Гузаштан ба хазинаи аксВыборы президента Узбекистана
Выборы президента Узбекистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.12.2021
Выборы президента Узбекистана
Соли 1991 99% аҳолии Озарбойҷон дар раъйпурсӣ барои ба даст овардани истиқлол овоз доданд.
Соли 1993 Конвенсияи гуногунии биологӣ ба ҳукми амал даромад.

Муҳимтарин рӯйдодҳои 29 декабр дар Тоҷикистон

Соли 2009 дар шаҳри Турсунзода маросими ботантанаи супоридани медалҳои ҷашнии "20 солагии баровардани низомиёни Иттиҳоди Шӯравӣ аз Афғонистон" баргузор гардид, ки дар он 30 нафар аз иштирокчиёни муҳорибаҳои Афғонистон – аъзои Иттифоқи собиқадорон ва интернатсионалистони Тоҷикистон иштирок намуданд
Соли 2011 Эмомалӣ Раҳмон ба литсей-интернати махсуси касбии маъюбони Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ рафта, бо шароити намунавии он, ки пас аз тармиму навсозии асосӣ муҳайё гаштааст, аз наздик шинос шуда, бо тарбиятгирандагони он суҳбат кард.
© Пресс-служба Президента ТаджикистанаПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.12.2021
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Соли 2012 роҳбари давлат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ"-ро имзо кард.
Соли 2014 Ҳукумати Тоҷикистон "Стратегия оид ба ғизо ва фаъолияти ҷисмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2024"-ро қабул намуд.
Соли 2017 Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намудани соли 2018 фармон ба имзо расонд.

Ҷашнҳои 29 декабр

Дар Муғулистон – Рӯзи истиқлол;
Дар Ирландия – Рӯзи Конститутсия.

Рӯзи 29-уми декабр кӣ ба дунё омадааст?

Юсуфҷон Аҳмадзода (1947) – шоир, нависанда;
Фазлиддин Абдураҳимов (1928) – журналист, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон;
Бобоҷон Атобеков (1946) - журналист, Корманди шоистаи Тоҷикистон;
Елена Зайтсева (1922) – доктори илми тиб, профессор;
Зариф Шариф (1936)- шоир, нависанда;
Усмон Мадёров (1921 – 1990) – дирижёр;
Мирополская Агафоника (1909 – 1990) – актрисаи театр, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон;
Тоҳир Охунов (1941) – доктори илми техникӣ, профессор;
Саломатшо Сабоиев (1940)- доктори илми биологӣ, профессор;
Шириншоҳ Шоҳтемур (1899 – 1937) – арбоби давлатӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон;
Эделман Xой (1930) - доктори илми филологӣ;
Шаҳноза Комилзода (1981) - журналист.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала