Баргузории маҳофили солинавӣ барои пиронсолону маъюбон дар Хуҷанд

© SputnikВ Душанбе установили новогоднюю елку
В Душанбе установили новогоднюю елку - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.12.2021
Мақомоти шаҳри Хуҷанд тасмим гирифтаанд, дар муассисаҳои иҷтимоии шаҳр маҳофили солинавӣ баргузор намоянд
ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии шаҳрдории Хуҷанд, бахшида ба Соли Нави милодӣ 30-юми декабри соли равон дар тамоми муассисаҳои иҷтимоӣ маҳофили идона баргузор мешавад.
Тибқи иттилои манбаъ, ин гуна маҳфилҳо дар Маркази минтақавии хидматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Хуҷанд, Маркази дастгирии оила ва кӯдак, муассисаҳои махсуси томактабӣ, хона-парваришгоҳ барои шахсони бепаноҳмонда, Маркази солимгардонии норасоӣ ва ҳифзи кӯдакон баргузор мешаванд.
Манбаъ илова кардааст, ки бо ибтикори мақомоти шаҳри Хуҷанд дар муассисаҳои номбурда бо ҳузури намояндагони сарпарастҳои муайяншуда маҳфилҳои идона баргузор ва бошандагони ин муассисаҳои иҷтимоӣ ба аёдату ғамхорӣ фаро гирифта мешаванд.
 Таъмиру азнавбарқароркунии Қалъаи Хуҷанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.12.2021
Ҳавлиҳои қадимӣ, чойхона ва ҳаммом: Қалъаи Хуҷанд таъмир мешаванд - акс
Ҳамчунин манбаъ қайд кардааст, ки дар тамоми қисмҳои низомии ҳудуди шаҳри Хуҷанд чунин ҷашнҳо баргузор мешаванд.
Барои низомиён дар ин рӯз дастархони идона густурда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала