Боздошти марди 71-сола барои корд задани як сокини ҷавони пойтахт

© Sputnik / Илья ПиталевАрест, архивное фото
Арест, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.12.2021
Марди 71-солаи боздоштшуда дар шаҳри Душанбе дар содир намудани ҷинояти авбошӣ муттаҳам мешавад
ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Бинобар иттилои дафтари матбуотии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ахиран кормандони милитсияи пойтахт ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 71-солаи сокини пойтахтро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир кардаанд.
Манбаъ хабар додааст, ки номбурда 27-уми декабри соли равон дар ҳудуди шаҳри Душанбе дар ҳолати мастӣ қарор дошта, бо марди 29-солаи сокини ҳамин шаҳр ҷангу ҷанҷол карда, ӯро латукӯб намудаааст.
Сипас ин марди 71-сола як бор бо корд ба қафаси синаи ин ҷавон задааст.
ВУД-и Тоҷикистон қайд кардааст, ки дар пайи ин ҳодиса марди 29-солаи сокини пойтахт ҷароҳат бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Заключенные в тюрьме, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.11.2021
ВМКБ аз нигоҳи сабти ҷинояткорӣ рекорд гузошт
Манбаъ илова кардааст, ки дар ҳоли ҳозир тафтиши ин ҳодиса идома дорад.
Бояд гуфт, қаблан генерал Шариф Назарзода, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар пойтахт гуфта буд, ки тайи ним сол кормандонаш дар ҳудуди шаҳри Душанбе 1975 мавриди ҷиноятро сабт кардаанд.
Номбурда зимни ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳаи ниҳоди зертобеяш гуфтааст, сатҳи ҷинояткорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,3% коҳиш ёфтааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала