Президент РФ Владимир Путин выступает во время военного парада на Красной площади - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Русия
Русия бузургтарин кишвари ҷаҳон аст, ки дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Шимолӣ ҷойгир аст. Манзараи Русия бениҳоят гуногун аст: дар ҳудуди он тундра, ҷангалҳо ва соҳилҳои субтропикӣ мавҷуданд. Охирин хабару гузоришҳои вобаста ба Русия дар ин пайванд гирд оварда шудаанд.

Даҳ гурӯҳи хориҷиён, ки гирифтани шаҳрвандӣ барояшон осон мешавад

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузаштан ба хазинаи аксРоссийский биометрический загранпаспорт
Российский биометрический загранпаспорт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.12.2021
Лоиҳаи Қонуни нави шаҳрвандии Русия коҳиши талабот барои дарёфти шаҳрвандии Русияро барои беш аз 20 гурӯҳи афрод пешбинӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин лоиҳаи Қонун дар бораи шаҳрвандии Русияро ба Думаи давлатӣ пешниҳод кардааст.
Лоиҳаи қонуни нав беш аз 20 гурӯҳи иловагии шахсонро дар бар мегирад, ки метавонанд бо тартиби соддакардашуда шиносномаи Русия гиранд, аз ҷумла:
ҳамватанон (шаҳрвандони ИҶШС-и собиқ ва фарзандони онҳо, иштирокчиёни барномаи кӯчонидани ихтиёрӣ);
онҳое, ки дар Русия хешовандони наздики рус доранд (бе гузаштани тартиби эътирофи забони модарии забони русӣ);
насли онҳое, ки дар ҳудуди Империяи Русия ё ИҶШС ба таври доимӣ зиндагӣ мекарданд.
Илова бар ин, тибқи муқаррароти ин санад, танҳо қабул ба шаҳрвандии Русия дар салоҳияти сарвари давлат боқӣ мемонад. Ҳамакнун он инчунин бандҳои зеринро низ дар бар мегирад:
собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки шаҳрвандии кишварҳои Иттиҳоди Шӯравии пешинро доранд;
шахсоне, ки барои Русия хидматнишондода маҳсуб мешаванд;
онҳое, ки аз рӯи касбу тахассусашон ё бо сабабҳои дигар мавриди таваҷҷуҳи Русия ҳастанд.
Ҳамчунин доираи одамоне, ки метавонанд шаҳрванди Русия эътироф шаванд, низ васеъ мешавад:
шаҳрвандони ИҶШС-и собиқ, ки то 6 феврали соли 1992 дар қаламрави Русия зиндагӣ мекарданд;
касе, ки то 6 феврали соли 1992 дар қаламрави Русия (РСФСР) таваллуд шудааст;
шахсоне, ки дар рӯзи таваллудашон ақаллан яке аз падару модаронашон шаҳрванди Иттиҳоди Шӯравӣ буда, дар Русия (РСФСР) доимӣ истиқомат доранд;
хидматчиёни ҳарбие, ки ба ИҶШС ё Русия савганд ёд карда, 6 феврали соли 1992 дар қисмҳои ҳарбии Русия дар қаламрави давлатҳои дигар хидмат мекарданд.
Дар ҳамин ҳол доштани шаҳрвандии дигар кишварҳо наметавонад сабаби рад кардани дархости онҳо шавад.
Лоиҳаи қонун ҳамчунин институти қатъи шаҳрвандии Русияро ҷорӣ мекунад. Рӯйхати амалҳое, ки барои онҳо шиносномаи худро аз даст додан мумкин аст, васеъ шуда истодааст: акнун ба ғайр аз ҷиноятҳои террористӣ, ба он баъзе ҷиноятҳои вазнини зидди давлат ва ҷиноятҳои маводи мухаддир низ дохил карда мешаванд.
Президент РФ В. Путин принял участие в работе Восточного экономического форума - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.12.2021
Путин тарҳи нави Қонуни шаҳрвандиро ба Думаи давлатӣ пешниҳод кард
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала