Кобулов: Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон як ҳаракати маҷозист, на воқеӣ

© Sputnik / Нина ЗотинаЗамир Кабулов
Замир Кабулов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.12.2021
Замир Кобулов, фиристодаи махсуси раисҷумҳури Русия дар умури Афғонистон дар бораи мавқеи Маскав, расман эътироф кардани ҳукумати толибон, тавононии ин гурӯҳ, Ҷабҳаи муқовимат ва сохти федеративӣ дар суҳбат бо Sputnik Афғонистон изҳори назар кард
ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Ба гуфтаи Замир Кобулов, Русия на танҳо аз ҳукумати фарогири ақвом, балки аз ҳукумати шомили ақвому сиёсиюни гуногун ҷонибдорӣ мекунад.

Барасмиятшиносии толибон

Фиристодаи махсуси раисҷумҳури Русия дар умури Афғонистон афзуд, ин дар ҳоли ҳозир мавқеи расмӣ ва ҷиддии мост ва ният дорем, дар оянда дар ҳамин мавқеъ бимонем.
“Русия бо дигар бозигарони бузург, ҳатто миёни панҷ кишвари узви доимии Шӯрои Амнияти СММ дар бораи барасмиятшиносии толибон созиш накардааст. Фаҳмиши умумӣ вуҷуд дорад. Аммо мавқеи ҳар як узви бонуфузи ҷомеаи ҷаҳонӣ нозукиҳои худро дорад”, - гуфт Кобулов.
Ӯ қайд кард, ки ҳамкорони ғарбии Русия ба риояи меъёрҳои ҳуқуқи инсон, чунон ки дар тамоми ҷаҳон маъмул аст, талош мекунанд.
Замир Кабулов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.11.2021
Кобулов гуфт, толибҳо дар иҷрои тааҳудоташон заъф доранд
Вай гуфт, Русия рафтори дигар дорад: “Мо муносибати муҳтарамона на дар сухан дорем, балки аз даричаи эътирофи урфу одатҳои фарҳангӣ ва динии ҳар як кишвар, аз ҷумла мардуми афғон вориди масъала мешавем”.
Вай илова кард, ки Русия ҳамеша ҷонибдори меъёрҳои асосии ҳуқуқи инсон аст, ки ҳамашумулиро дар бар мегиранд.
“Ин ҳам меъёри ҳуқуқи инсон мебошад. Дуюм, барои мо муҳим аст, ки духтарону занони афғон ба таҳсил ва ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ҷалб шаванд. Аммо боз мо ба Кобул ва ҳукмфармоёни нав намехоҳем машварате диҳем. Онҳо бояд анъана ва имкониятҳои худро ба назар гирифта, барои ин талош намоянд. Замоне роҳбарияти Русия дарк кунад, ки талаботи мо иҷро шудааст, Русия тасмими худро дар ин бора хоҳад гирифт”, - зикр кард дипломати рус.
Замир Кобулов ишора кард, Ғарб барои иҷрои уҳдадориҳое, ки бар дӯши худ гирифта буд, шитоб намекунад. Дар навбати худ толибон ҳам барои иҷрои талаботи ҷомеаи ҷаҳонӣ шитоб надоранд.
“Аз ин рӯ ман аз айбдор кардани ҳар тарафе худдорӣ мекунам. Дар наздикшавӣ ҷараёни танг кардани масофа ба амал меояд. Мо ҳаминро интизорем”, - гуфт дипломати рус.
Косимшо Искандаров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.12.2021
Искандаров: Эътирофи шудан ё нашудани толибон вобаста аз худи онҳост
Ҳамзамон оқои Кобулов илова кард, ки эътирофи сиёсӣ, бештар як амали сиёсии рамзӣ хоҳад буд.
“Ба расмият шинохтан, чунон ки мебинед, аллакай, дар воқеъ, ҷараён дорад: ҳайати толибон дар ҷаласаи Маскав ширкат ва онҳо имкон пайдо карданд, ки бо намояндагони даҳ кишвари минтақа мустақиман тамосу гуфтугӯ кунанд. Дар Исломобод иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СҲИ баргузор шуд, ки ба он толибон низ даъват шуда буданду имкон доштанд, суханронӣ ва нуқтаи назари худро баён кунанд”, - гуфт фиристодаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Афғонистон.
Ин дипломати баландпояи Русия дар ин мусоҳиба афзуд, хуб аст, ки тамоми ҷаҳони ислом назари худро нисбати сиёсати дохилии толибон баён кунад.
“Мо аслан ба эътироф кардан ё накардан тамаркуз намекунем. Дар воқеъ, мо дар ин кишвар сафорати фаъол дорем. Ва мо танҳо нестем, ҳафт сафорати дигар дар Афғонистон кор мекунаду се-чор сафири кишварҳои дигар ҳоло дар роҳ мебошанд”, - гуфт ӯ.
Замир Кобулов ҳамчунин изҳор дошт, бархе аз сиёсатмадорон дар Афғонистон аз қавмҳои гуногун мебошанд, ки аз ин кишвар фирор кардаанд.
“Мо дар бораи онҳо махсус сухан намегӯем. Сухан дар бораи чаҳор қавми бузург меравад. Тавре мо медонем, паштунҳо яке аз ақвоми бузург дар Афғонистон ҳастанд. Аммо сухан дар бораи он меравад, ки намояндагони тоҷикон, паштунҳо, ҳазораҳо ва ӯзбекҳо дар зиндагии сиёсии Афғонистон саҳм дошта бошанд”, - қайд кард ӯ.
Вай афзуд, ин чӣ гуна ҳал мешавад, кори худи афғонҳост. “Онҳо бояд нишинанд ва дар ин бора музокира кунанд. Ба воситаи кадом механизмҳо? Луи ҷирга ё шакли демократӣ, ин кори онҳост. Он гоҳ сулҳи пойдор миёни миллатҳо дар Афғонистон ба вуҷуд меояд. Дар ҳамин сурат ақвоми мухталифи ин кишвар нисбат ба имрӯз худро осудатар эҳсос мекунанд”, - таъкид кард дипломати рус.
 Ахмад Масуд, сын покойного афганского политика и военачальника Ахмад Шаха Масуда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.12.2021
Толибон: "Ҷабҳаи муқовимат дигар нест, мардуми Афғонистон онро рад кард"
Инчунин ӯ қайд кард, ҳамин аст, он чизе, ки Русия мехоҳад бинад.
“Мо рӯйхати касонеро надорем, ки мо мехостем. Мо ҳатто чунин фикрҳоро надоштем. Мо дар ин ҷо танҳо нестем, шарикони чиноӣ, покистонӣ ва эрониҳо низ дар ин бора мавқеи худро доранд ва онҳо мавқеашонро баён кардаанд”, - гуфт Замир Кобулов.

Ҷабҳаи муқовимати миллӣ — ҳаракати маҷозӣ

Замир Кобулов мегӯяд, аввалан, бо изҳори он ки онҳо аз ҳисоби кумакҳои башардӯстона зиндагӣ мекунанд, муболиға накунем. Албатта, Русия тавонист дар як моҳ ҳадди аксар аз тариқи нуҳ ҳавопаймои Вазорати дифоъ ва Вазорати ҳолатҳои изтирорӣ кумак фиристад, аз ҷониби Чин, Покистон, Арабистони Саудӣ низ кумакҳое сурат гирифтанд.
Ба назари ӯ, ин ҳама як қисми хурдро фаро мегирад. "Агар бигӯем, ки онҳо аз ҳисоби кумакҳои башардӯстона зиндагӣ мекунанд, пешдоварӣ ва нодуруст аст. Онҳо ҳанӯз аз ҳисоби захираҳои боқимондаи дохилӣ зиндагӣ мекунанд. Албатта, ин он қадар давом карда наметавонад. Муҳимтарин давра акнун дар Афғонистон оғоз мешавад", - гуфт ин дипломат.
Ин мақоми Русия мегӯяд, "дар Кобул ҳаво аллакай сард мешавад. Зимистон дар Афғонистон ва бахусус дар Кобул, ки дар он ҷо бештари ҷамъият, гурезагон ва оворагони дохилӣ ҷойгиранд, сахт аст. Агар дар натиҷаи нарасидани воситаю маблағ одамон аз гуруснагӣ ва сармо мурдан гиранд, ин боиси эътироз ва вокунишҳо мегардад. Дар баробари ин ҳатто афғонҳое, ки толибонро дӯст намедоранд ва аз онҳо норозӣ ҳастанд, объективона дарк мекунанд, ин пул дастрас нест, на аз он сабаб ки Толибон онро намедиҳанд, балки ин захираҳоро надоранд. Агар онро танҳо барои худ нигоҳ медоштанд, барои мақомот хатарнок буд".
Ба гуфтаи Кобулов, дар нишасти вазирони умури хориҷии кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ изҳороти нахуствазир Имрон Хон шадид буд. Дигар вакилон ва аъзои ин ташкилот ба муқобили Ғарб хеле сахт баромад ва талаб карданд, ки дороиҳои Афғонистон раҳо ва барои пешгирӣ аз тавсеаи фоҷеа дар ин кишвар ба он ёрии таъҷилии башардӯстона расонида шавад.
Представитель Талибана Забихулла Муджахид (слева) прибывает на свою первую пресс-конференцию в Информационный центр правительственных СМИ в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.12.2021
Толибон аз Русия кумаки бештар мехоҳанд
Дар мавриди он ки кӣ метавонад бо толибон мубориза барад, имрӯз чунин нерӯи муташаккил ва тавоно вуҷуд надорад. Ман маълумоти алоҳидаеро хондам, ки муқовимат гӯё афзоиш меёбад.
Вай гуфт, қисматҳои худҳифозатии ҳазораҳо, барои мисол дар Ғазнӣ худҷӯшанд. Аммо ин фаҳмост — ин як мушкил, дарди куҳна, зиддият, махсусан дар ин музофот, байни паштунҳо ва ҳазорҳо мебошад. Онро ҳамчун як навъ муқовимати муташаккил қабул кардан хандаовар аст. То ҳол танҳо ДИИШ хатари ҷиддӣ барои толибон аст. Мутаассифона, шумори онҳо афзоиш меёбад, аммо толибон бо талафоти бузург то ҳол ин ҳаракати байналмилалии террористиро ба таври муассир саркӯб кардаанд.
Ин дипломат афзуд, азбаски ДИИШ ҳамчунон як созмони террористии бегона аст, заминаи васеи иҷтимоӣ надорад. Он метавонад барои ҷалб кардани одамон ба сафи худ захираҳои молӣ дошта бошад. Аммо онҳо маҳдуданд, новобаста аз он ки ин гурӯҳ инро намехоҳанд. Онҳо танҳо метавонанд нобуд кунанд, онҳо наметавонанд эҷод кунанд.
"Мо мебинем, ки вазъият зимистони имсол чӣ тавр мешавад. Агар гуруснагӣ ва сардӣ вазъияти дохилии иҷтимоиро тезутунд гардонад, албатта, ҳаракатҳои эътирозӣ ва ғайра ба миён меоянд ва толибон бояд ба идораи кишвар бо назардошти андешаҳои шаҳрвандони он ба таври ҷиддӣ машғул шаванд. Ин инчунин метавонад онҳоро водор созад, дар робита ба масъалаҳое, ки мо дар боло баррасӣ кардем, фарогирӣ, фарогири этносиёсӣ тасмим бигиранд. Ин ягона роҳест, ки сиёсатмадорони салоҳиятдор амал мекунанд", - мегӯяд Замир Кобулов.
Заместитель министра иностранных дел Афганистана Аббас Станакзай - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.12.2021
Станакзай: Дар дунё ду абарқудрат вуҷуд дорад - аввал Амрико, дувум толибон
Дипломати рус зикр кард, ки айни замон ин як ҳаракати виртуалӣ аст. “Мо орзуҳои онҳоро дарк мекунем, аммо ин ҳаракат бештар табиати маҷозӣ дорад”, - гуфт ӯ.
Вай илова кард, ки агар ин ҳаракати маҷозӣ воқеӣ гардад, ин таҳаввул ба маънои даври нави ҷанги шаҳрвандӣ хоҳад буд.
“Ин боз ба ҳалокат оварда мерасонад, на ба офариниш. Ҷанги гражданӣ ободӣ ва оромӣ оварда наметавонад. Афғонистон боз вориди гардиши кушторҳо, талафоти оммавӣ ва ғайра мешавад. Аз он ҳеҷ чизи хубе ба даст нахоҳад омад”, - илова кард Замир Кобулов.

Сохти федеративӣ дар Афғонистон иштибоҳ аст

Кобулов дар масъалаи сохти федеративии Афғонистон низ изҳори назар кард.
Вай гуфт, аз ин овозаҳо хабар дорам. "Вале ман шубҳа дорам. Мо бар онем, ки ин на танҳо нуқтаи назари ман аст, ин нуқтаи назари роҳбарияти Русия аст, дар шароите ки кишвар, воқеан, аз ҷанги шаҳрвандӣ набаромадааст, сохти федеративӣ ва даст кашидан аз давлати марказӣ иштибоҳ аст", - афзуд ӯ.
Экс-президент Афганистана Хамид Карзай - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.12.2021
Даъвати Карзай аз ҷаҳон: Нобовариро канор гузореду бо толибон ҳамкорӣ кунед
“Дар чунин вазъият Афғонистон ба як роҳбарияти мутамаркизи сахт ниёз дорад, ки тавонад тамоми равандҳои барқарорсозии муътадилро ба дасти худ бигирад, тамоми ислоҳоти заруриро анҷом диҳад, то иқтисод ва соҳаи иҷтимоӣ фаъол шавад", -гуфт дипломати рус.
Ба андешаи ӯ, баъд аз ин, вақте ки дар Афғонистон ободии нисбӣ фаро мерасад, мардуми Афғонистон метавонанд аз ин раванд кор бигиранд. Ин кори осон нахоҳад буд. Хоҳиши куҳна барои ҳукмронӣ дар паштунҳо вуҷуд дорад ва ин дар таърих боқӣ мемонад. Онҳо бояд гуфтушунид кунанд. Аммо ин кор бояд дар сурате роҳандозӣ шавад, ки шароити нисбатан муътадил мавҷуд бошад. То ҳол чунин шароит мавҷуд нест. Ҳоло сохти федеративӣ танҳо ба мушкилоти иловагӣ рӯ ба рӯ мекунад.

Толибон метавонанд роҳбарӣ кунанд ё на?

Ҳамзамон Замир Кобулов дар бораи ҳукмронии толибон низ изҳори назар кард.
Вай гуфт, толибон аз лиҳози идеологӣ ва сиёсӣ дигар шудаанд. Ин ки онҳо кишварро ғайрикасбӣ идора мекунанд ё содатар гӯем, бад роҳбарӣ мекунанд, фаҳмост; онҳо кадр надоранд. Гоҳ-гоҳ онҳо аз мутахассисон даъват мекунанд, ки баргарданд.
"Сухан дар бораи он ҷавононе нест, ки дар баробари ҳукумат аз ИМА ва Аврупо барои дуздӣ омада буданд. Не. Сухан дар бораи афғонҳои оддии ватандӯст, мутахассисон, ҷавононе меравад, ки мехоҳанд ба Ватан хидмат кунанд. Толибон бояд барои онҳо шароити мусоид фароҳам кунанд, то онҳо дар идораи кишвар, иқтисод дар навбати аввал кумак кунанд. Барои ин ба толибон лозим меояд, ки як фазои мусоиди иҷтимоию сиёсӣ эҷод кунанд. Мо боз ба ҳукумати фарогир бармегардем. Ин мутахассисон бояд эҳсос кунанд, ки онҳо на танҳо ҳамчун зархарид барои иҷрои вазифаҳои мушаххас истифода мешаванд. Не. Дар паси онҳо бояд як навъ нерӯи этносиёсӣ дар ҳукумат мавҷуд бошад", - гуфт оқои Кобулов.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала