Мизони пардохти ҳармоҳаи муҳоҷирон бар асоси патент дар Русия барои соли 2022

Дар аксари минтақаҳои Русия мизони пардохти ҳармоҳаи муҳоҷирони меҳнатӣ бар асоси патент барои соли оянда аллакай муайян шуд
Пас аз ду соли маҳдудиятҳои пандемия дар Русия мақомоти ин кишвар боз аз тағйири арзиши патент барои муҳоҷирон хабар доданд. Мизони пардохти ҳармоҳаи муҳоҷирон бар асоси патент тақрибан дар тамоми минтақаҳо тағйир ёфтааст.
Шаҳрдории пойтахти Русия гуфт, соли оянда нархи патент барои шаҳрванди хориҷӣ афзоиш меёбад.
Дар Маскав қимати патенти муҳоҷирон боло меравад, хабар медиҳад хадамоти матбуотии ҳукумати пойтахт.
Раиси шаҳр Сергей Собянин аз болоравии қимати патент барои муҳоҷирони корӣ дар пойтахти Русия хабар дод.
Ҳамин тариқ мизони пардохти маблағи моҳона барои дарфёти муҷаввизи кору иқомат (патент) дар Маскав то 5,9 ҳазор рубл афзоиш меёбад.
Қобили зикр аст, ки патент барои шаҳрвандони Озарбойҷон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Украина ва Молдова, ки ба Русия бидуни раводид ворид мешаванд, роҳандозӣ шудааст.
Танҳо дар 10 моҳи соли 2021 дар Маскав 528 ҳазор патент содир ва аз ин ҳисоб ба буҷаи давлат 16,2 миллиард рубл ворид шудааст.
Манбаъ меафзояд, аз соли 2015 ба ин сӯ ҷамъан се миллион патент ба муҳоҷирон дода шуда ва аз ин ҳисоб Русия 107 миллиард рубл фоида ба даст овардааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала