Муроҷиати занони Афғонистон ба Байден: Чӣ тақозо карданд

© REUTERS / ELIZABETH FRANTZПрезидент Соединённых Штатов Джо Байден
Президент Соединённых Штатов Джо Байден - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.12.2021
Занони Афғонистон алайҳи амалиёти ИМА норизогӣ баён ва ба кишвардори Амрико Ҷо Байден бо дархосте муроҷиат намуданд
ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Даҳҳо тан аз занони Афғонистон дар шаҳри Кобул алайҳи иқдоми Амрико, ки дороиҳои ин кишварро дар хориҷ мунҷамид кардааст, эътироз намуданд.
Ба гузориши хабаргузории "TOLOnews", занони афғонистонӣ бо шиору овезаҳо ба кишвардори Амрико Ҷо Байден муроҷиат ва хоҳиш карданд, ки пулҳои дармондаи онҳоро раҳо кунад.
Расонаҳо: Толибон сӯйи занони эътирозгар дар Кобул оташ кушоданд
Қаблан ҳам ин расона хабар дод, ки даҳҳо бонуи Афғонистон ба хотири талаб кардани эҳтиром нисбати худ ва таъмини шароити созгор дар ин кишвар алайҳи ҳукумати муваққати толибон даст ба эътироз заданд.
Занон аз ҷумла бо шиорҳои "Мо садои мардуми гурусна ҳастем!", "Занҳо аз хоб бедор шуданд!", "Мо аз табъиз нафрат дорем!", садо баланд мекарданд.
Ёдовар мешавем, толибон пас аз тасмими Амрико дар бораи берун овардани низомиёни худ аз хоки Афғонистон ба пиёда кардани амалиётҳои густурда оғоз намуданд.
Юный житель кишлака Мадузай-Кала под Кандагаром - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.10.2021
Дар Афғонистон 8 кӯдаки як хонавода аз гуруснагӣ ҷон бохт
Рӯзи 15 август толибон бидуни ҷанг вориди Кобул шуданд ва рӯзи ҳафтуми сентябр ҳайати ҳукумати муваққати худро эълон карданд, ки то ҳол қонунӣ будани онро ҳеҷ кишваре эътироф накардааст.
Бо вуҷуди тадбирҳои кунунии толибон вазъи иқтисодии Афғонистон ниҳоят вазнин боқӣ мемонад. Тибқи маълумоти СММ, дар ҳоли ҳозир 22,8 миллион шаҳрванди ин сарзамин аз норасоии ғизо ва 8,7 миллион нафар азоби гуруснагӣ мекашанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала