Паҳлавонҳои беҳтарини сол дар куштии миллии Тоҷикистон эълон шуданд

Темур Рахимов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.12.2021
Федератсияи куштии миллии Тоҷикистон беҳтарин паҳлавонҳои ин ришта дар соли равонро эълон кард
ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Темур Раҳимов куштигири шинохтаи тоҷик беҳтарин варзишгари сол дар ин ришта эътироф карда шуд, хабар дод телевизиони "Варзиш" аз қавли Федератсияи куштии миллӣ.
Ба иттилои манбаъ, Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни 90 кило ва Мирзоҷамил Рамазонову Фирдавс Насимов дар вазнҳои худ беҳтарин дониста шуданд.
Таъкид шудааст, ки ҷоизаи беҳтарин сармураббӣ дар соли 2021-ро Хуршед Ибодуллоев соҳиб гардид. Мураббии сол Гулов Шоҳин эътироф шудааст.
Полузащитник национальной сборной Таджикистана Нуриддин Давронов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.12.2021
Пайвастани Нуриддин Давронов ба дастаи “Персита” ва гузариши Нозим Бобоҷонов ба “Ал-Аҳлӣ”
Инчунин Федератсияи куштии миллӣ кори доваронро дар соли равон арзёбӣ намуда, Хусрав Шоевро беҳтарин довар дар соли 2021 хондааст. Дар феҳрасти беҳтаринҳои сол инчунин Федератсияи куштии милии минтақаи Кӯлоб ворид гардидаст.
Куштигирӣ анъанаи миллии тоҷикон буда, ҳамасола дар арафаи ҷашнҳои бузург баргузор мегардад. Мақомоти Тоҷикистон солҳои охир мусобиқаҳои куштигирии байналмилалӣ низ баргузор мекунанд. Аз ҷумла соли равон дар шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалии куштигирӣ барои Ҷоми раиси пойтахт бо иштироки намояндагони кишварҳои гуногун сурат гирифт.
Ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон, ки чор рӯз таҷлил мешавад, мавсими аслии мусобиқаҳои бузурги куштии миллӣ мебошад ва тамошобинони зиёдро дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ҷамъ меорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала