Афзоиши пошхӯрии оилаҳо дар Фархор

© Sputnik / Стас ЭтвешСсора, архивное фото
Ссора, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.12.2021
Обуна шудан
Мақомоти вилояти Хатлон хабар додаанд, ки ноҳияи Фархор дар миёни 25 шаҳру ноҳияҳои вилоят дар бекор кардани ақди никоҳ дар зинаи аввал қарор гирифтааст
ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Тибқи иттилои мақомоти вилояти Хатлон, дар ин минтақа дар моҳи соли равон 204 ҳолати бекор кардани ақди никоҳ сабт шудааст, иттилоъ додааст сомонаи “Фараж”.
Дар зинаи дувум ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, шаҳри Кӯлоб дар зинаи сеюм, Кӯшониён дар зинаи чорум ва ноҳияи Панҷ дар зинаи панҷум қарор гирифтаанд.
Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Тоҷикистон дар вилояти Хатлон гуфтааст, ки дар 11 моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон 2 ҳазору 950 оила ақди никоҳи худро бекор кардааст, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 793 ҳолат бештар аст.
Сумангул Тагаева министр труда и занятости - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.12.2021
Тағойзода: Зӯроварӣ дар оила яке аз мушкилоти асосии ҷаҳону Тоҷикистон аст
Дар ҳамин ҳол, Байёнзода Нигина, мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Фархор хабар додааст, ки дар ин ноҳия дар ин давра 204 оила ақди никоҳи худро ботил карда, ки ин нисбат ба 11 моҳи соли 2020 117 маврид зиёд аст.
“Аз шумораи ҷудошавии оилаҳо 193 ҳолати он бо қарори суд ва 11 ҳолати дигар бо розиигии ҳамсароне, ки фарзанди умумии ноболиғ надоранд, бекор карда шудааст”, таъкид кардааст хонум Нигина.
Вай гуфт, омили асосии пошхӯрии оилаҳро ин гирифтани шаҳрвандии Русия мебошад.
“Аз 204 оилае, ки ақди никоҳи худро бекор карданд, 78 нафарашон барои гирифтани шаҳрвандии Русия ба ин кор даст задаанд, аммо онҳо дар асл бо ҳам зиндагӣ доранд. Ҳамчунин 47 ҳолати бекоршавӣ ба хотири бефарзандӣ ва 68 ҳолати бекоршавии ақди никоҳ бо сабабҳои муноқишаи оилавӣ мебошад”, - қайд кард ин мансабдори тоҷик.
Тибқи иттилои манбаъ, бо ҷудошавии 204 оила дар ноҳияи Фархор 280 кӯдак аз тарбияи яке аз волидони худ маҳрум шуданд, ки 272 нафар аз ин қабил кӯдакон дар тарбияи модаронанд.
Лентаи хабарҳо
0