Садамаи маргбор дар Душанбе: ҳалокати ронанда ва бистарӣ шудани пиёдагард

© Фото : CC0 / Rico_LoebДорожный знак, архивное фото
Дорожный знак, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.12.2021
Дар пайи садамаи мудҳиши нақлиётӣ ронанда ҷон бохту пиёдагард бистарӣ шуд
ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз садамаи маргбори нақлиётӣ хабар медиҳад.
Тибқи гузориши мақомоти қудратии Тоҷикистон, ин ҳодисаи мудҳиш бегоҳи 28-уми декабр рух додааст.
Гуфта мешавад, ронандаи худрави тамғаи “Опел-Астра”, сокини 28-солаи шаҳри Истаравшан ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди пойтахт аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба деворчаи канори чапи роҳ бархӯрдааст.
Садамаи маргбор дар Бартанг: Ронанда ба дарё сарозер шуд
Дар ҳамин ҳол зимни бархӯрд ронанда пиёдагард, сокини 19-солаи ноҳияи Варзобро пахш намудааст.

"Дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати вазнин бардошта, худи ронанда дар беморхона ба ҳалокат расидааст", - омадааст дар хабар.

Манбаъ афзуда, ки таҳқиқ дар ин замина идома дорад.
Мошини газкаш дар роҳи Душанбе-Чаноқ ба дарё сарозер шуд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.12.2021
Мошин ба дара парид: садамаи маргбор дар роҳи Душанбе - Хуҷанд
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала