Швартснеггер пас аз 10 соли баҳсҳои додгоҳӣ аз ҳамсараш ҷудо шуд

© AFP 2021 / PAU BARRENAАрнольд Шварценеггер
Арнольд Шварценеггер - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.12.2021
Ҳамсарон соли 2011 ҷудошавиашонро эълон карданд. Ин ҳодиса дар ҳоле рух дод, ки расонаҳо менавиштанд, зани пешхидмат дар манзили Швартснеггер аз ӯ писар таваллуд кардааст
ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Губернатори собиқи Калифорния ва ҳунарманди маъруф Арнолд Швартсенеггер расман аз ҳамсараш Мария Шрайвер ҷудо шуд, хабар медиҳад портали TMZ.
Мурофиаи ҷудошавӣ беш аз 10 сол давом кард. Бино ба гузоришҳо, Додгоҳи олии Лос-Анҷелес рӯзи 28-уми декабр дар ҷиҳати барҳам задани ақди никоҳи ӯ ва ҳамсараш қарор қабл кардааст.
© VALERIE MACONМария Оуингс Шрайвер
Мария Оуингс Шрайвер - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.12.2021
Мария Оуингс Шрайвер
Манбаъ чунин мурофиаи тӯлониро бо "набудани ангеза" ва мушкили ҳалли баҳсҳо дар мавриди тақсими амвол шарҳ додааст.
Гила аз хешовандон ва безорӣ аз падар: изҳороти ҳайратангези Бритни Спирс
Ба гуфти манобеъ, мурофиаи додгоҳӣ тақрибан 400 миллион долларро дар бар мегирифт ва дар натиҷа амвол тақрибан ду баробар тақсим шуд. Ҳамсарон дар соли 2011 аз ҷудо шудани худро эълон карда буданд.
Ин ҳодиса дар ҳоле рух дод, ки дар расонаҳо гуфта мешуд, зани пешхидмат дар манзили Швартснеггер аз ӯ писар таваллуд кардааст.
Бритни Спирс выступает на MTV Video Music Awards в Лос-Анджелесе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.07.2021
Додгоҳ ба Бритни Спирс иҷоза надод, ки миллионҳояшро идора кунад
Танҳо пас аз беш аз 10 сол ҳамсарон тавонистанд ба расман аз ҳам ҷудо шаванд. Швартснеггер ва Шрайвер соли 1986 издивоҷ карданд ва соҳиби чаҳор фарзанд мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала