Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Табиби афғонистонӣ алайҳи омикрон доруи муассир таҳия кард

© Adobe stock/Africa StudioНатуральные лекарства
Натуральные лекарства - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.12.2021
Гиёҳшиноси афғонистонӣ ба самари доруи таҳиякардаи худ бовар дорад ва аз намояндагони СҶБ даъват кардааст, ки доруяшро аз санҷиш гузаронанд
ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Гиёҳшиноси афғонистонӣ мегӯяд, ки як доруи муассир бар зидди штамми нави коронавирус - омикрон таҳия кардааст, хабар медиҳад Sputnik Афғонистон.
Иддаои ин табиб дар ҳолест, ки вуҷуди ин навъ аз вирус дар Афғонистон расман эълон нашудааст. Вале гиёҳшинос бар ин бовар аст, ки доруи таҳиякардаи ӯ метавонад аз навъи нави коронавирус ҷилавгирӣ кунад.
Ин табиб Ҳаким Муҳаммад Алокозай ном дошта, ба иддаои ӯ, аз доруяш аллакай 14 миллион нафар истифода кардаанд ва ягон таъсири манфӣ ба онҳо нарасидааст.
Номбурда аз Вазорати беҳдошти Афғонистон ва ҳамзамон аз Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт даъват намудааст, ки кашфиёти ӯро мавриди санҷиш қарор диҳанд.
Мужчина плачет, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.12.2021
Эълони панҷ нишонаи асосии гирифторӣ ба омикрон
Ӯ пешниҳод намудааст, ки дар ҳузури намояндагони бахши беҳдошти ватанӣ ва СҶБ ба ҳазор маризи коронавирус доруи таҳиякардааш дода шавад ва ӯ мутмаин аст, ҳамаи онҳо сиҳат хоҳанд шуд.
Гуфта мешавад, табиб ин даворо аз 11 гиёҳ омода намудааст.
Манбаъ тавзеҳ додааст, ки Ҳаким Муҳаммад Алокозай дар замоне ки Ашраф Ғанӣ кишвардори Афғонистон буд, ҳаққи фаъолияти тиббӣ надошт ва ӯ пинҳонӣ ба дармони беморон машғул мешуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала