Вазорати молияи толибон тарҳи буҷаи панҷсолаи ин кишварро омода кардааст

© AP / Allauddin KhanМужчина держит в руках деньги, афгани
Мужчина держит в руках деньги, афгани - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.12.2021
Вазорати молияи толибон мегӯяд, ки пешнависи буҷаи панҷ соли ояндаи молии Афғонистонро омода карда ва барои таъйид ба Шӯрои вазирон мефиристад
ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Аҳмадвалӣ Ҳақмал, сухангӯи Вазорати молияи ҳукумати сарпарасти толибон мегӯяд, ки ин буҷа аз даромадҳои дохилӣ омода шуда ва муттакӣ ба кумакҳои хориҷӣ нест, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба хабаргузории “Ariana News”.
Ба иттилои манбаъ, Ҳақмал изҳори умедворӣ кардааст, ки Шӯрои вазирон то охири ҳамин моҳ тарҳи буҷаро тасвиб ва барои иҷро ба ниҳодҳои марбута равон хоҳад кард.

"Пешнависи буҷа дар вазорат омодааст ва кори он низ тамом шудааст", - афзуд ӯ.

Оқои Ҳақмал илова кард, ин нахустин буҷаи Ҳукумати Афғонистон дар 20 соли ахир аст, ки ба кумакҳои хориҷӣ такя намекунад ва аз ҳисоби даромадҳои дохилӣ таъмин мешавад.
“Вазорати молия кори худро анҷом додааст ва баъдан барои тасвиб ба Шӯрои вазирон фиристода мешавад”, - қайд кард сухангӯи Вазорати молияи ҳукумати толибон.
Семья едет на мотоцикле, Кабул - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.11.2021
Чин талаб кард, ки дороиҳои Афғонистон дар хориҷи кишвар раҳо ва таҳримҳо лағв шаванд
Сухангӯи Вазорати молияи толибон мегӯяд, барои таъмини буҷа амалиёте, ки аз ҳисоби даромадҳои дохилӣ таъмин мешавад, мушкиле вуҷуд надорад, аммо дар мавриди буҷаи инкишофӣ мушкилоте вуҷуд дорад.
Аз сӯйи дигар коршиносони иқтисодӣ мегӯянд, буҷа танҳо масориф вазоратхонаҳо нест, балки пружаҳои инкишофӣ ва хадамот барои мардум бояд дар назар гирифта шаванд.
Ин дар ҳолест, ки буҷаи миллии Афғонистон дар солҳои гузашта 4,5 миллиард афғонӣ тахмин зада шудааст, ки 40 дарсади он ба пружаҳои инкишофӣ ихтисос дода шуда буд.
Бояд гуфт, ҳукумати толибон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ талаб дорад, ба Амрико фишор биёранд, то дороиҳои мусодирашудаи Афғонистонро, ки ба мардуми ин кишвар тааллуқ доранд ва дар бонкҳои ИМА банд шудаанд, озод намоянд.
Министр иностранных дел Исламской Республики Пакистан Махдумом Шахом Махмудом Куреши - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.09.2021
Қурайшӣ: Барои беҳтар кардани "Толибон"* дороиҳои Афғонистонро бояд озод кард
Мулло Абдулғанӣ Бародар, муовини нахуствазири толибон ба расонаҳо гуфт, ки агар ҷаҳон дороиҳои масдудшудаи Афғонистонро озод накунад, на танҳо дар ин кишвар, балки дар минтақа мушкилот эҷод мешавад.
Вай бо интиқод аз кишварҳои ҷаҳон ба хотири хомӯшӣ дар баробари дороиҳои мусодирашудаи Афғонистон тавассути Амрико илова кард: пулҳои мусодирашуда ба мардуми Афғонистон тааллуқ дорад, на ба Ашраф Ғанӣ, зеро ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Амрико намегӯяд, ки пулҳои мардуми Афғонистонро озод кунад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки сухангӯи Кохи Сафед дар нишасти хабарие гуфт, Вашингтон дар ҳоли ҳозир нияти озодсозии 10 миллиард доллари мусодирашудаи Афғонистонро надорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала