Усмонов бошгоҳи футболи итолиёиеро хариданист: ӯ 12 миллиард евро пешниҳод кард

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузаштан ба хазинаи аксАлишер Усманов, архивное фото
Алишер Усманов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.12.2021
Миллиардери ӯзбектабори Русия Алишер Усмонов мехоҳад бошгоҳи футболи Италияро сармоягузорӣ кунад, вале намояндагони он пешниҳоди ӯро қабул надоранд
ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Яке аз сарватмандтарин ва бонуфузтарин соҳибкорони ҷаҳон, сарватманди ӯзбектабори Русия Алишер Усмонов мехоҳад бошгоҳи футболи "Козентса" -и итолиёиро харидорӣ кунад, хабар медиҳад "Area Napoli".
Аммо тибқи маълумоти манбаъ, президенти "Козентса" Эуҷенио Гуарашио нияти фурӯши бошгоҳро надорад.
Сарфи назар аз вазъи вазнини молии бошгоҳи итолиёӣ чанд пешниҳоди Усмонов дар бораи харидани бошгоҳ рад шуд.
Прибытие рейса с вакциной Sputnik V в Аргентину - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.04.2021
Ӯзбекистон бастаи аввали ваксинаи Спутник V-ро гирифт: нисфи пулашро Алишер Усмонов дод
Зикр гардид, ки охирин бор Усмонов барои харид кардани ин бошгоҳ 12 миллион евро пешниҳод карда буд.
Ёдовар мешавем, моҳи майи соли ҷорӣ Усмонов дар радабандии нави "Rich List -15" аз миёни сарватмандони Русия мақоми шашумро гирифт.
Сарвати ӯро 13, 406 миллиард фунт стерлинг ҳисоб карданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала