Ҷазои хунукназарҳо: дастури Шералӣ Мирзо барои ислоҳи камбудиҳои даъвати наваскарон

© SputnikМинистр обороны РТ Шерали Мирзо на полигоне Фахрабад
Министр обороны РТ Шерали Мирзо на полигоне Фахрабад - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.12.2021
Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Тоҷикистон онҳоеро, ки дар даъвати наваскарон натиҷаҳои хуб нишон додаанд, қадрдонӣ карда, бархеи дигарро барои хунукназарӣ ҷазоҳои интизомӣ додааст
ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Шералӣ Мирзо зимни таҳлили даъватҳои имсола хостори беҳтару сифатан хуб ташкил кардани раванди даъвати шаҳрвандон ба хидмати ҳарбӣ шудааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии Вазорати мудофиа, роҳбарияти ин ниҳод дар ҷаласаи ҷамъбастӣ масъулинро муваззаф кардааст, ки дар навбати аввал тамоми камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф созанду ҳамкориро бо мардум бештар намоянд.
Дастур дода шудааст, ки аз қонуншиканиҳо, бахусус ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта бояд ҷилавгирӣ шавад. Таъкид гардидааст, ки ба иҷрои нақшаи даъвати навбатӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир шавад.
Учитель во время урока. Архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.11.2021
Ихтиёрӣ ё "облава"? Омӯзгоронро аз дарс ба хидмати ҳарбӣ бурдаанд
Инчунин супориш дода шудааст, ки дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти дахлдори шаҳриву ноҳияҳо ба масоили омӯзиши шахсияти даъватшавандаҳо, дуруст муйаян кардани маҳали хидматии шаҳрвандони оиладор, ташкили корҳои сафарбарӣ, тайёрии ҳамаҷонибаи комиссариатҳои ҳарбӣ таваҷҷуҳ дода шавад.
Тибқи иттилои Вазорати мудофиа, дар ҷаласа зарур дониста шудааст, ки шумораи захираҳои сафарбарӣ мавриди омӯзиш қарор гираду теъдод ҳангоми баргузории машғулиятҳои таълимӣ мушаххас гардад.
Ҳамчунин баланд бардоштани масъулият ва вазифаву уҳдадориҳои иштирокчиёни ин омӯзишҳо муҳим хонда шуд. Таъкид гардидааст, ки дар пойгоҳи тамоми комиссариатҳои ҳарбӣ нуқтаҳои идоракунӣ ташкил ва мудофиаи ҳудудӣ тақвият бахшида шавад.
Вазири мудофиа аз мушкилоти мушаххаси даъвати наваскарон ном набурдааст, аммо бархе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бо нашри наворҳо изҳор медоранд, ки ҳанӯз ҳам зуҳуроти ғайриқонунии "облава" ё сарбозшикор ҷой дорад. Ин шеваест, ки ҷавононро аз кӯчаю хиёбонҳо боздошта ба хидмати ҳарбӣ мебаранд, аммо расман мақомот ҷой доштани "облава" дар зимни раванди даъвати ҷавонон ба артишро рад мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала