Ҷойҳои намоёни донишҷӯёни тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ

© Таджикский Национальный УниверситетСтуденты-победители Таджикского Национального Университета
Студенты-победители Таджикского Национального Университета  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.12.2021
Обуна шудан
Панҷ тан аз донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар олимпиадаи байналмилалӣ савозори ҷойҳои намоён шуданд
ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз муваффақияти панҷ донишҷӯи ин боргоҳ хабар медиҳад, ки дар як олимпиадаи байналмилалӣ иштирок намуда ва сазовори ҷойҳои намоён шуданд.
Манбаъ меафзояд, донишҷӯёни тоҷик дар олимпиадаи II байналмилалии интернет - донишҷӯёни "Низоми интихоботии мамлакатҳои ҷаҳон" иштирок намуданд.
Ин мусобиқа аз ҷониби Донишкадаи байналмилалии мониторинги инкишофи демократия, парламентаризм ва риояи ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон - давлатҳои аъзои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ва шарикони ғайритиҷоратии "Маркази иттилоотӣ-таҳлилии "Авруосиё-Волга" баргузор гардид.
В Таджикистане прошел Диктант Победы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.10.2021
Духтари тоҷик миёни донишҷӯёни Осиёи Марказӣ ҷойи сеюм гирифт
Аз миёни донишҷӯёни тоҷик Муҳаммад Ибрагимов, ки дар бахши дуюми ин донишгоҳ таҳсил мекунад, сазовори ҷойи аввал шуд.
Ҳамчунин донишҷӯи курси чорум Ромиш Наврӯзов ва донишҷӯи курси се Мубориз Низомов сазовори ҷои дуюм гардиданд. Шерзод Ҳакимов, Тоҷиддин Одиназода ва Динора Қаландарова ҷойи сеюмро аз худ карданд.
Ёдовар мешавем, чанде қабл донишҷӯи курси 4-уми факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шамил Абдураҳмонзода дар интернет-олимпиадаи байналмилалии "Низоми интихоботии давлатҳои ҷаҳон", ки дар шаҳри Санкт-Петербург баргузор шуд, сазовори ҷойи дуюм ва дипломи дараҷаи II гардида буд.
Лентаи хабарҳо
0