Ғолибони сабқати ҷумҳуриявии ҷудо дар ҳафт вазн маълум шуданд

© Дафтари матбуоти Федератсияи ҷудои ТоҷикистонМусобиқаи ҷумҳуриявии ҷудо дар шаҳри Душанбе
Мусобиқаи ҷумҳуриявии ҷудо дар шаҳри Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.12.2021
Ғолибони мусобиқаи ҷумҳуриявии риштаи ҷудои Тоҷикистон дар ҳафт вазн муайян гардиданд
ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Федератсияи ҷудои Тоҷикистон натиҷаи мусобиқаи ҷумҳуриявиеро, ки дар Маркази тайёрии олимпӣ дар Душанбе ҷараён дошт, эълон кард.
Дар вазни то 60 кило Меҳрзод Суфиев ҷои аввал, Бинёмин Назиров мақоми дуюм ва Амирҷон Азизуллоеву Умар Шеров мақоми сеюмро соҳиб шуданд, хабар дод Федератсияи ҷудо.
Ба иттилои манбаъ, пирӯзи сабқат дар вазни то 66 кило Нуралӣ Эмомалӣ эълон шуд. Мақоми дуюмро Мусо Саъдуллоев ва зинаҳои сеюмро Муҳаммад Юсуфзодаю Сарвар Абдушукуров соҳиб гардиданд.
Дар вазни то 73 кило ҷойҳои аввал то сеюмро Алӣ Боқиев, Шаҳзод Воҳидов, Муҳибулло Саидбашир ва Фаррухҷон Баротов касб карданд.
Темур Рахимов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.12.2021
Паҳлавонҳои беҳтарини сол дар куштии миллии Тоҷикистон эълон шуданд
Умар Расулов ғолиби вазни то 81 кило гардида, дар зинаҳои дуюму сеюм Сиёвуш Азизов ва Бахтиёр Ғафурову Ҳайдари Саидакбарзода қарор гирифтанд.
Сабқат дар гурӯҳи вазни то 90-килоӣ бо пирӯзии Кароматулло Ҳакимов анҷомиду ҷойи дуюмро Ҷаҳонгир Бобоев соҳиб шуд. Маделҳои нуқраи ин вазнро Раҳматулло Мирзоев ва Мақсадулло Зоидов ба гардан овехтаанд.
Дар вазни то 100 кило Исроил Раҳимов ҷойи аввал, Муҳаммадбек Фарҳодов ҷойи дуюм, Ваҳҳоб Ҳайдарову Шоҳрух Замонов ҷойи сеюмро гирифтанд.
Пирӯзи вазни беш аз 100 кило Иброҳим Элмуродов дониста шуд. Ба мақоми дуюм Маъдиёр Солиҳов ва ҷойи сеюм Файзалӣ Яхшибекову Азиз Зарифов сазовор гардиданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала