Ҳамлаи паланги барфӣ ба макони гӯсфандон дар Бадахшон – видео

CC BY-SA 2.0 / Eric Kilby / Snow Leopard Closeup Mouth OpenПортрет снежного барса
Портрет снежного барса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.12.2021
Бошандагони вилояти Бадахшони Афғонистон мегӯянд, ки як паланги барфӣ болои чорвои сокинон ҳамла кардааст
Бошандагони вулусволии Зибоки вилояти Бадахшон гузориш додаанд, ки як паланги барфӣ бар макони гусфандон ҳамла кардааст.
Ба гуфтаи ин бошандагон, дар натиҷаи ҳамлаи ин паланг чандин сар гӯсфанд талаф шудааст.
Дар навор дида мешавад, ки пас аз ҳамла паланги барфӣ бо суръат аз макони ҳамлааш фирор мекунад.
Ёдрас менамоем, ки авоили моҳи январ дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба сокини маҳаллӣ бабри барфӣ хисороти калон расонда буд.
Паланги барфӣ ба оғили як сокини ин ноҳия ворид шуда, наздик ба 45 бузу гӯсфандро ба ҳалокат расонида буд.
Он замон паланги барфӣ аз ҷониби кормандони бахши муҳити зист, дастгир ва тибқи коидаҳои бехатарӣ, ба минтақаи кӯҳӣ интиқол дода шуд.
Тоҷикистон аз ҷумлаи 12 кишвари дорои макони зисти паланги барфӣ дар ҷаҳон шинохта шудааст ва ин намуди даррандаҳ ба "Китоби сурхи ҷаҳонӣ" ва "Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон" низ ворид шудааст.
Намояндагони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ишкошим мегӯянд, ҳудуди 70 дарсади макони зисти паланги барфӣ маҳз дар ВМКБ аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала