Ҳушдори КҲФ аз сардиҳои 50-дараҷаӣ дар Тоҷикистон

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевЗима в городе Душанбе
Зима в городе Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.12.2021
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки рӯзҳои наздик дар ҷумҳурӣ ҳаво ниҳоят сард хоҳад шуд. Дар аксари навоҳии ВМКБ то 50 дараҷа хунукӣ дар назар аст
ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Ин ниҳод бо такя ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар гуфтааст, ки рӯзҳои наздик дар аксари ноҳияҳои кӯҳӣ 10-15 ва дар баъзе ҷойҳо ҳаво то 17 -22 дараҷа сард мешавад.
Манбаъ меафзояд, дар баъзе ноҳияҳои ВМКБ 25-38 ва дар минтақаи Булункул то 48-50 дараҷа сард шудани ҳаво дар назар аст.
Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба шаҳрвандоне, ки дар деҳот, ноҳияҳои доманакӯҳ ва кӯҳистон зиндагӣ мекунанд, тавсия додааст, ки ҳангоми гарм кардани хона қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхторро риоя кунанд.
В Душанбе установили новогоднюю елку - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.12.2021
Ҳавои ду рӯзи охири соли 2021 дар Тоҷикистон чӣ гуна хоҳад буд? посухи ҳавошинос
Ҳамчунин кумита тавсия додааст, ки дару тирезаҳои хонаро сахт маҳкам кунанд, то гармӣ аз хона берун нашавад.
Илова бар ин, КҲФ аз хавфи тармафароӣ дар роҳҳои назди кӯҳӣ ҳушдор дод.
Дар робита ба ин, ба ронандагон тавсия медиҳад, ки суръати ҳаракати мошинҳоро боло набаранд, аз ҳар гуна сафарҳои безарурат аз тариқи роҳҳои кӯҳӣ худдорӣ намоянд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала