“Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил" коргар меҷӯяд

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в FacebookШвейный цех ООО "Нассоджии Худжанд" по пошиву школьной формы
Швейный цех ООО Нассоджии Худжанд по пошиву школьной формы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.12.2021
Маҷмаи нассоҷии ҶСП "Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил" ба коргар ниёз дорад. Ин корхона барои кормандонаш омодааст, то 2300 сомонӣ маош пешниҳод кунад
ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон эълон кардааст, ки маҷмаи нассоҷии ҶСП "Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил" коргар меҷӯяд.
Вазорати меҳнат иттилоъ додааст, корхонаи мазкур, ки дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон воқеъ аст, шаҳрвандонро аз рӯи касбҳои нассоҷӣ: бофанда, дӯзанда, бурранда, андозагир, рангуборчӣ ва дигар касбҳои нассоҷӣ барои кор даъват мекунад.

“Музди меҳнат дар давраи озмоишӣ 1150 сомонӣ ва дар давраҳои минбаъдаи фаъолияти меҳнатӣ аз 1300 сомонӣ то 2300 сомонӣ дар як моҳро ташкил медиҳад”,– иттилоъ додааст манбаъ.

Ҳамзамон манбаъ илова кардааст, ин корхона коргаронеро, ки аз дигар ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба кор ҷалб мешаванд, бо ҷойи хоб ва як бор хӯрок дар рӯз таъмин хоҳад кард.
Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.12.2021
Боздиди Амонзода аз коргоҳе дар Данғара, ки аксар кормандонаш зан ҳастанд
Бояд гуфт, ҳоло қисми зиёди кормандони ин корхонаро занон ташкил медиҳанд.
Манбаъ таъкид намуд, ки корхона ба наздик ба 500 нафар коргар ниёз дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала