Коренков сабаби афзоиши савдо миёни Тоҷикистону Русияро шарҳ дод

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевЕвгений Кореньков торговый представитель РФ в РТ
Евгений Кореньков торговый представитель РФ в РТ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.12.2021
Евгений Коренков гуфт, содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба Русия ду баробар афзоиш ёфт
ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Намояндаи тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон хабар додааст, ки ҷумҳурӣ дар соли равон бо 67 шаҳру вилояти ин кишвар равобити тиҷориву иқтисодӣ дорад, иттилоъ додааст хабаргузории ТАСС.
Ба гуфтаи ӯ, 12 шаҳру вилояти ин кишвар 80%-и ҳаҷми умумии гардиши молу маҳсулоти миёни Душанбе ва Маскавро таъмин кардаанд, ки ин феҳраст вилоятҳои Свердлов, шаҳрҳои Маскав, Санкт–Петербург, вилоятҳои Маскав ва Ленинград, Челябински Русия ва ғайраро шомил мешавад.
Ба гуфтаи Коренков, ба роҳ мондани ҳамкориҳои байниминтақаӣ бар нишондиҳандаҳои гардиши мол миёни Русияву Тоҷикистон дар соли 2021 таъсири мусбӣ гузоштааст, ки он 25 дарсад афзуда, ба 1 миллиарду 130 миллион доллар расидааст.
Коренков аз суръати афзоиши интиқоли маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба Русия низ хабар дод.

“Содироти маҳсулоти кишоварзӣ ду баробар – аз 5 миллион доллари соли 2020 то ба 10,5 миллион доллар дар соли 2021 афзудааст”, - гуфт Коренков.

Ба эътиқоди вай, ба ин раванд тасвиби созишномаи миёни мақомоти гумрукии ду кишвар дар бораи долони сабз мусоидат кардааст, ки бар асоси он, барои интиқоли колоҳои муайян аз Русия ба Тоҷикистон ва аз Тоҷикистон ба Русия суҳулатҳое эҷод шудааст.
Министр экономического развития и торговли Таджикистана Негматулло Хикматуллозода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.04.2019
Аз ҳамкорӣ то сармоягузорӣ ба иқтисод: шарҳи Ҳикматуллозода аз ҳамкорӣ бо Русия
"Ба таври санҷишӣ аз 1 апрели соли 2021 маҳсулоте аз қабили сабзавот, меваҷот, хушкмева, инчунин пахта аз рӯи усули нав аз марз гузаронида мешаванд", — гуфт Коренков.
Вай гуфт, намояндагии тиҷоратии Русия ба сохторҳои дахлдори давлатии ин кишвар пешниҳод кардааст, ки аз ташаббуси густариши номгӯи молҳо пуштибонӣ кунанд.
“Ҳоло мо бо онҳо ва Хадамоти гумруки Русия барои навсозии долон кор карда истодаем”, - илова кард намояндаи тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала