Нақшаи даромади буҷа дар Суғд барзиёд иҷро шуд

© Sputnik / Стас ЭтвешЭкономический рост , архивное фото
Экономический рост , архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.12.2021
Обуна шудан
Мақомоти Суғд эълон карданд, ки дар 11 моҳи соли равон ба буҷа чӣ қадар пул ворид шуд
ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Нақшаи даромади буҷаи давлатӣ дар вилояти Суғд тайи 11 моҳи соли равон панҷ дарсад бештар иҷро гардид.
Ба иттилои дафтари матбуотии ҳукумати Суғд, аз январ то аввали декабр ба буҷаи давлатӣ 3 миллиарду 501,9 миллион сомонӣ ворид шуд, ки аз нақша 169,2 миллион сомонӣ зиёд аст.
Манбаъ афзуд, ба буҷаи маҳаллии вилоят 2 миллиарду 191,5 миллион сомонӣ ворид шудаст, ки 105,4 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Монеты, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.12.2021
Иқтисоди болдор: панҷ таносухи дахлу харҷи Тоҷикистон дар соли 2021
Таъкид шудааст, ки инчунин лоиҳаҳои қисми даромад барои соли 2022 ва қисми хароҷоти буҷаи вилояти Суғд барои соли 2022 муаррифӣ шуд.
Дафтари матбуотии ҳукумати Суғд, аз қавли сардори Сарраёсати молияи вилоят Анвар ​ Мирзозода иттилоъ дод, ки қисми даромади буҷаи вилоят дар соли оянда се миллиарду 528 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Ин дар ҳолест, ки дар қонуни қабулшудаи буҷа барои соли 2022 қисмати хароҷот 33 миллиарду 626,7 миллион сомонӣ ва даромади буҷа 33 миллиарду 2,8 миллион сомонӣ тасдиқ шудааст.
Лентаи хабарҳо
0