Навзодон бо либоси Бобои барфӣ модаронро ҳайратзада карданд - видео

Обуна шудан
Навзодонро идона оро додаанд: дар сар сарпӯши Бобои барфӣ ва дар тан, ҷӯроби сурхи солинавӣ
Дар яке аз таваллудхонаҳои вилояти Маскав дар остонаи Соли нав як аксияи ғайриоддӣ сурат гирифт.
Пеш аз вохӯрии аввалин бо модар навзодон бо либоси қаҳрамони асосии фасли зимистон - Бобои барфӣ пӯшиданд: ба ҷои либоси муқаррарии кӯдакона ба онҳо ҷӯроби зебои солинавӣ пӯшиданд ва ба сарашон кулоҳҳои идона гузоштанд.
Фил - Бобои барфӣ ва гурба - Барфак: Зеботарин аксҳои солинавии ҳайвонот
Волидон ба чунин вохӯрии солинавӣ вокуниши мусбат нишон доданд: кӯдакон чунон таъсирбахш ба назар мерасиданд, ки табассуми меҳру муҳаббатро нигоҳ доштан душвор буд.
Дар омади гап, падарон низ аз чунин эҷодкории табибон қаноатманд буданд.
Ба назари онҳо, ин як сюрпризи ҳақиқии солинавӣ буд.
Лентаи хабарҳо
0