Оқил Оқилов чӣ ҳол дорад? Аҳмадзода ба аёдаташ рафт

© Исполнительный орган государственной власти Согдийской областиАхмадзода приехал к бывшему примьер-министру РТ Окил Окилов
Ахмадзода приехал к бывшему примьер-министру РТ Окил Окилов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.12.2021
Раиси вилояти Суғд ба шаҳри Бӯстон рафта, ходими намоёни давлатию ҷамъиятӣ, сарвазири собиқи Тоҷикистон, Оқил Оқиловро аёдат кард
ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Раҷҷаббой Аҳмадзода дар арафаи Соли Нав сарвазири собиқи Тоҷикистон Оқил Оқиловро аёдат намуд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раиси ин вилоят.
Манбаъ меафзояд, раиси вилояти Суғд сарвазири пешинро аз номи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон табрик кард.
Зикр гардид, ки саҳми Оқил Оқилов, ки солҳои зиёд ба ҳайси сарвазири мамлакат кор кардааст, дар пешбурди соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат назаррас аст.
Роҳбари вилоят ба собиқадори меҳнат туҳфа тақдим кард ва ба ӯ саломатӣ таманно намуд.

Оқил Оқилов кист?

Оқил Оқилов 2 феврали соли 1944 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Соли 1967 Донишкадаи муҳандисию сохтмонии Москваро бо ихтисоси муҳандиси сохтмон ва соли 1980 Академияи илмҳои ҷамъиятии назди Кумитаи Марказии ҲКИШ-ро хатм намудааст.
Раҷаббой Аҳмадзода ба аёдати Оқил Оқилов рафт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2020
Раҷаббой Аҳмадзода ба аёдати собиқ нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов рафт
Фаъолияти меҳнатиашро ҳамчун устои идораи сохтмонии № 5 трести бинокории Ленинобод оғоз намуда, солҳои 1969-1976 дар вазифаҳои сармуҳандис, сардори саридораи хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Ленинобод, сардори идораи сохтмони № 9-и трести хонасозии Ленинободи Вазорати сохтмони ҷумҳурӣ фаъолият кардааст.
Соли 1976 ба Кумитаи Марказии ҲК Тоҷикистон ба кор даъват шуда, то соли 1993 ба сифати инструктор, муовин, мудири шуъбаи Кумитаи Марказӣ адои вазифа намудааст.
Солҳои 1993-1999 ба ҳайси Вазири сохтмон, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини аввали раиси вилоят фаъолият дошт.
Солҳои 1999-2006 ба сифати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудааст. Аз 1 декабри соли 2006 то 2013 дубора дар мақоми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудааст.
Хизматҳои Оқил Оқилов бо якчанд мукофотҳои давлатӣ қадршиносӣ гардида, мавсуф айни замон дар нафақа аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала