Путин Эмомалӣ Раҳмонро бо Соли Нав шодбош гуфт

© Sputnik / Алексей Дружинин / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент РФ В. Путин прибыл в Душанбе для участия в саммите СВМДА
Президент РФ В. Путин прибыл в Душанбе для участия в саммите СВМДА - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.12.2021
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ҳамтои тоҷикистонияш Эмомалӣ Раҳмонро бо Соли Нави мелодӣ шодбош гуфта, ба таҳкими ҳамкориҳо изҳори умед кардааст
ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Раисҷумҳури Русия дар паёми солинавияш ба президенти Тоҷикистон аз муносиботи хуби ду кишвар ёдовар шудааст.
"Дар паём ба Эмомалӣ Раҳмон рушди муносиботи ду кишвар дар рӯҳияи шарикии стратегӣ ва иттиҳоди миёни Маскав ва Душанбе таъкид гардид", - омадааст дар иттилоияи нашркардаи Кремл.
Путин ҳамчунин афзуд, ки Русия ва Тоҷикистон дар доираи созмонҳои гуногуни байналмилалӣ, аз ҷумла ИДМ, СААД, СҲШ ва ғайра ҳамкории гуногунҷанба доранд.
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Владимир Путин, президенти Русия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.12.2021
Путин барои анҷоми сафари расмӣ ба Тоҷикистон даъват шуд
Ӯ изҳори боварӣ намудааст, ки дар оянда низ ҳар ду давлат рушди ҳамкориҳои барои тарафайн судмандро дар бахшҳои мухталиф таъмин хоҳанд кард.
Маврид ба зикр аст, ки 27 декабр Путин ва Раҳмон дар ҳошияи нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои узви ИДМ дар шаҳри Душанбе мулоқоти дуҷониба гузаронданд.
Дар ин дидор таъкид гардид, ки Маскав ва Душанбе дар самти ҳамкориҳои амниятӣ фаъоланд. Русия талош дорад, иқтидори мудофиавии ҷумҳурии ҳампаймонашро таҳким бахшад.
Эмомалӣ Раҳмон дар навбати худ изҳор карда буд, ки Русия ҳамоно аз шарикони асосии тиҷорию иқтисодии Тоҷикистон боқӣ мемонад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала