Қарори нави толибон: амволи роҳбарони пешин ба фурӯш гузошта мешавад

© Александр ХроленкоСовременный Кабул
Современный Кабул - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.12.2021
Обуна шудан
Сухангӯи толибон гуфтааст, ки амволи сиёсиюни пешин ба хотири напардохтани пули барқ ба фурӯш гузошта мешавад
ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Инъомуллоҳ Самангонӣ, муъовини сухангӯи толибон дар саҳифаи твиттериаш навиштааст, он теъдоде аз сиёсатмадорон ва афроди қудратманди пешин, ки пули барқи худро пардохт накардаанд, хонаҳояшон ба фурӯш гузошта мешавад, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
“Бар асоси файсалаи кабинаи Афғонистон ширкати "Брешно" муваззаф аст, тарҳи фурӯш ва кирояи амволи он идда аз сиёсатмадорон, афроди қудратманд ва мансабдорони собиқро, ки бо вуҷуди иттилоияи ширкати Брешно қарзҳои худро пардохт накардаанд, ба манзури ҳусули қарзашон тартиб ва ба ҷаласаи кабина ироа намояд”, - гуфт Самангонӣ.
Ширкати “Брешно”-и Афғонистон ахиран феҳристи 73 қарздор, аз ҷумла теъдоде аз афроди бонуфуз, аъзои Вулуси ҷирга ва чеҳраҳои феълию мансабдорони собиқ, назари Абдуррашид Дӯстум, Муҳаммадкарим Халилӣ ва Абдураб Расули Сайёфро нашр кард.
Ёдрас менамоем, ки ахиран Тоҷикистону Афғонистон тавофуқномаи интиқоли нерӯи барқро имзо карданд.
Линия электропередачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.12.2021
Қарордод имзо шуд: Тоҷикистон як соли дигар ба Афғонистон барқ мефурӯшад
Ин қарордодро Мирзо Имсоилзода, раиси ширкати "Барқи тоҷик" ва Ҳофиз Муҳаммад Амин, раиси умумии иҷроияи ширкати "Брешно" имзо карданд.
Бояд қайд кард, Афғонистон ба далели напардохтани қарзи нерӯи барқи Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон ба хатари қатъи нерӯи барқ аз тарафи ин кишварҳо мувоҷеҳ аст.
Роҳбарияти ин ширкат ваъда додааст, қарзеро, ки тақрибан 62 миллион доллар аст, пардохт мекунад. Барои ҳалли мушкилот DABS нақша дорад, амволи мансабдорони ҳукумати собиқи Афғонистонро фурӯшад.
Лентаи хабарҳо
0