Таҳдиди то 20 соли зиндон ба Чоршанбеев: шарҳи расмии ҳабсу айби размкор ва блогер

© Instagram Чоршанбе ЧоршанбиеваЧоршанбе Чоршанбиев
Чоршанбе Чоршанбиев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.12.2021
Додситонии ноҳияи Шоҳмансур боздошти Чоршанбе Чоршанбиев, размкори тоҷикро тасдиқ карда, аз оғози парванда алайҳи ӯ бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноӣ хабар додааст
ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Додситонии ноҳияи Шоҳмансур бо нашри як иттилоия гуфт, Чоршанбиев барои барангехтани кинаю адовати миллию маҳаллӣ ва даъвати оммавӣ дар ҷиҳати тағйир додани сохти конститутсионии Тоҷикистон муттаҳам мешавад. Алайҳи ӯ бар асоси моддаҳои 189 ва 307-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда боз гардидааст.
Бар асоси моддаи 307-и Кодекси ҷиноӣ, барои даъват ба тағйир додани сохти конститутсионии Тоҷикистон бо роҳи зӯроварӣ аз 3 то 20 соли зиндон ва тибқи моддаи 189-и Кодекси ҷиноӣ, барои барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ё динӣ то 12 соли зиндон пешбинӣ шудааст.
Дар иттилоияе, ки додситонӣ нашр кардааст, гуфта мешавад, 30 декабри соли 2021 шаҳрванди Тоҷикистон Чоршанбиев Чоршанбе, зодаи 26-солаи шаҳри Хоруғ аз ҳудуди Русия хориҷ карда шудааст.
Чоршанбе Чоршанбиев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.12.2021
Манобеъ: Чоршанбе Чоршанбиевро дар фурудгоҳи Душанбе боздошт карданд
Манбаъ таъкид намудаст, ки Чоршанбиев ҳамчун блогер тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ, хусусан саҳифаи шахсиаш "chchorshanbiev_pm" пайваста баромадҳои иғвоангез намуда, ба барангехтани кинаву адовати миллию маҳалгароӣ ва даъват барои ташкил кардани бетартибиҳои оммавӣ машғул шудааст.
Манбаъ афзуд, ки Чоршанбиев феълан дар боздоштгоҳ буда, тафтиши парвандаҳои ҷиноӣ алайҳи ӯ бар асоси моддаҳои 189 ва 307-и Кодекси ҷиноӣ идома дорад.
Додситонӣ мегӯяд, Чоршанбиев аз лаҳзаи дастгиршавӣ бо вакили дифоъ таъмин ва ба хешовандони наздикаш дар бораи дастгир гаштани ӯ ҳамчун гумонбар хабар дода шуд.
Инчунин зикр шудааст, ки алайҳи Чоршанбиев моҳи майи соли 2014 аз тарафи мақомоти дохилии шаҳри Хоруғ барои дуздии моликияти шахсии сокини шаҳри мазкур Мамадкаримов Абулназар парванда оғоз шудааст, аммо моҳи ноябри соли 2014 нисбаташ қонуни авф татбиқ гардидааст.
Феълан назари худи Чоршанбиев ва наздикону ҷониби дифояш дар бораи иттиҳоми эълонкардаи мақомот маълум нест.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала