Тоҷикистон тиҷораташро бо кишварҳои ИДМ ба таври рекордӣ афзоиш дод

© Sputnik / Евгений Одиноков / Гузаштан ба хазинаи аксПогрузчик с древесными блоками, архивное фото
Погрузчик с древесными блоками, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.12.2021
Ҳаҷми муомилоти мол байни кишварҳои ИДМ дар соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта хеле фарқ мекунад
ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Соли 2021 гардиши тиҷоратии Тоҷикистон бо кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил афзоиш ёфт, хабар медиҳад Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ.
Ҳамагӣ дар 11 моҳ ҳаҷми муомилоти мол бо кишварҳои ИДМ 2,7 миллиард долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 28 фоиз зиёд аст.
Ҳамин тариқ ба кишварҳои муштаракулманофеъ каме камтар аз нисфи ҳаҷми умумии гардиши молии кишвар рост меояд ва он 48,8% ҳисоб шудааст.
Аз 11 кишвари шарик афзоиш дар ҳаштои он ба мушоҳида мерасад. Чунончи, савдо бо Туркманистон 2,7 баробар, бо Узбекистон 32 фоиз, бо Қазоқистон 30,6 фоиз афзудааст.
АвтоВАЗ начал производство новой Lada Niva Travel - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.12.2021
Омодагии ширкатҳои Русия барои вуруд ба бозори тавлиди мошин дар Тоҷикистон
Дар ҳамин ҳол коҳиши гардиши мол бо Беларус ва Қирғизистон ба мушоҳида мерасад.
Тибқи маълумоти мавҷудаи Агентии омори Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон ва Узбекистон шарикони асосии тиҷоратии ҷумҳурӣ аз феҳристи кишварҳои ИДМ дар ин давра будаанд.
Дар 11 моҳ ҳаҷми муомилоти мол бо Федератсияи Русия аз 1,1 миллиард доллар гузашт, созишномаҳо бо Қазоқистон ба хазина каме бештар аз 1 миллиард доллар ва бо Узбекистон 396,7 миллион доллар ворид карданд.
Гуфта мешавад, тавозуни тиҷорат бо кишварҳои муштаракулманофеъ манфӣ буда, воридоти коло нисбат ба нишондиҳандаҳои содирот 4,5 баробар бештар будааст.
Таможенный пункт оформления, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.12.2021
“Шарики суннатӣ ва боэътимод”: гардиши мол миёни Русияву Тоҷикистон афзуд
Содироти мол 486,8 миллион долларро ташкил дода, беш аз 2,2 миллиард доллар воридот шудааст.
Қаблан Евгений Коренков, намояндаи тиҷоратии Федератсияи Русия дар Душанбе хабар дода буд, ки дар 11 моҳ, аз аввали соли 2021 то кунун ҳаҷми табодули коло миёни Русия ва Тоҷикистон беш аз 1 миллиард долларро ташкил додааст, ки ин нишондиҳанда пас аз аз соли 2014 рекордӣ аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала