Вазорати тандурустӣ гуфт, чанд нафар дар Тоҷикистон ваксина гирифт

© Pixabay/kfuhlertВакцинация
Вакцинация - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.12.2021
Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, наздики 65 дарсади аҳолии калонсоли кишвар алайҳи коронавирус ваксина гирифтаанд
ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Мақомоти тандурустии Тоҷикистон мегӯянд, теъдоди афроде, ки то ҳол алайҳи коронавирус моякубӣ шудаанд, ҳудуди 3,8 миллион нафарро ташкил медиҳад.
Ин омор тамоми афродеро фаро мегирад, ки то 30 декабр моякубӣ шудаанд ва ба ин мизон 64,8 дарсади аҳолии калонсоли кишвар баробар мебошад, изҳор дошт Эмомалӣ Мирзоев, сухангӯи Вазорати тандурустии кишвар дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, дар шаҳри Душанбе нақшаи ваксиназанӣ 100 дарсад иҷро гардида, 628,6 нафар моякубӣ шудааст.
Нишондоди ваксинагирӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба 70,6 дарсад баробар гардидааст. Манбаъ мегӯяд, беш аз 116 ҳазор сокини ин вилоят ваксина гирифтааст.
Дар навоҳии тобеи марказ беш аз 659 ҳазор нафар ё 52,1 фоиз аз коронавирус эмин шудаанд.
Иллюстрация Коронавируса  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.12.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Аломати коронавирус, ки аз марг дарак медиҳад
Теъдоди ваксинагирифтаҳо дар вилояти Суғд беш аз 1,1 миллион нафар ё 58,1 дарсад арзёбӣ гардид. Дар Хатлон ин нишондод ҳадди 1,3-миллионнафариро убур намуда, ба 67 фоиз расид.
Тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявии пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ҷиҳати пешгирии паҳншавии сирояти коронавирус, ки аз 3 июли соли ҷорӣ нашр шуд, дар Тоҷикистон эмгузаронии зидди COVID-19 барои шаҳрвандони аз 18-сола боло ҳатмӣ мебошад.
Вазорати тандурустӣ тавсия медиҳад, афроде, ки моякӯбӣ нашудаанд, ба пизишки оилавӣ ё муассисаи тиббии маҳаллӣ барои дарёфти ваксина муроҷиат кунанд. Бояд гуфт, ваксина барои шаҳрвандони кишвар ройгон пешниҳод мешавад. То кунун дар чаҳорчӯби COVAX ва дар шакли кумаки башардӯстона ба кишвар ваксинаҳои зидди коронавирус ворид шудаанд.
Ҳангоми эмкунии аҳолӣ бар зидди COVID-19 аз ваксинаҳои "CoronaVac", "AstraZeneca", "Pfizer", "Moderna" ва "Sputnik V" истифода мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала