Зодрӯзи Бобоҷон Ғафуров ва Манижа Давлат: 31 декабр дар таърих

© Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария ВишняковаДень 31 декабря
День 31 декабря  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.12.2021
Рӯзи 31 декабр дар Қирғизистон – Рӯзи кормандони хадамоти гумрук ва Рӯзи ҳамраъйии озарбойҷониёни тамоми ҷаҳон аст. Шаби 31 декабр Соли нави мелодӣ таҷлил мешавад

Рӯзи 31 декабр дар ҷаҳон чӣ рух дод?

Соли 1958 Соли байналмилалии геофизикӣ, ки 1 июли соли 1957 оғоз гардида буд, ба анҷом расид.
Соли 1960 Куба аз Шӯрои амнияти СММ талаб кард, ки шикояташро дар бораи аз ҷониби ИМА мавриди зӯроварӣ қарор гирифтан дида барояд.
Соли 1968 аввалин маротиба дар ҷаҳон парвози санҷишии ҳавопаймои Ту-144 амалӣ карда шуд.
День 30 декабря  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.12.2021
Зодрӯзи Муқаддасхон Шайдуллоев: 30 декабр дар таърих
Соли 1986 хурдтарин иттифоқи касаба дар ҷаҳон — истеҳсолкунандаи ҷилд ва девораҳо барои маснуоти заргарӣ (дар ҳайаташ як нафар буд) бекор карда шуд.
Соли 1998 дар Русия аввалин маротиба хати телефони байнишаҳрии Санкт-Петербург-Москва ба роҳ монда шуд. Маҳз дар Русия хати телефоние пайдо шуд, ки он замон дар тамоми Аврупо дарозтарин меҳсуб меёфт.

Рӯзи 31 декабр дар Тоҷикистон чӣ рух дод?

Соли 1925 бо қарори ҳайати раёсати Кумитаи инқилобии Ҷумҳурии худмухтори шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон шуъбаи ТАСС (Агентии телеграфии Иттиҳоди Шӯравӣ) дар Тоҷикистон таъсис ёфта буд, ки баъдан шуъба мақоми Агентии телеграфии Тоҷикистон (ТоҷикТА)-ро касб намуд. Ҳоло ТоҷикТА ба Агентии миллии иттилоотии Точикистон "Ховар" -и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйири ном карда, ҳамчун манбаи расмии иттилоотии Тоҷикистон шинохта шудааст.
День 29 декабря  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.12.2021
Зодрӯзи Аҳмадзода: 29 декабр дар таърих
Соли 2013 дар шаҳри Душанбе ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон баррасӣ гардид.
Соли 2016 дар шаҳри Душанбе аввалин ҷаласаи муштараки Комиссия оид ба сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Чин баргузор гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 31 декабр

Дар Қирғизистон – Рӯзи кормандони хадамоти гумрук.
Рӯзи ҳамраъйии озарбойҷониёни тамоми ҷаҳон.

Рӯзи 31 декабр дар Точикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1908 - Бобоҷон Ғафуров, қаҳрамони Тоҷикистон, олим-муаррих, академики Академияи илмҳои ИҶШС, директори Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Фарҳангистони ИҶШС.
Соли 1923 - Рустамбек Юсуфбеков, доктори илми иқтисод, профессор, арбоби давлатӣ.
Соли 1934 - Фотима Ғуломова, ҳунарманд, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.
Соли 1982 - Манижа Давлат, сарояндаи машҳури тоҷик, ки тарки саҳна кард.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала