“АвтоВАЗ”-и Русия вориди бозори Тоҷикистон мешавад

© Sputnik / Юрий Стрелец / Гузариш ба медиабонкПроизводство АвтоВАЗа LADA X-Ray. Архивное фото
Производство АвтоВАЗа LADA X-Ray. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.12.2021
Обуна шудан
Ширкатҳои мошинсозӣ аз ҷумла “Автоваз”-и Русия омодаи тавлиди муштарак дар Тоҷикистон ҳастанд
ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Ба гуфтаи намояндаи тиҷоратии Русия, Чин дар ин бозор ҳамчунон пешсаф аст, аммо тавлидкунандагони Русия тамоми имкони пешниҳоди маҳсулоти рақобатпазирро доранд.
Ширкатҳои бонуфузи мошинсозии Русия тасмим доранд, дар Тоҷикистон марказҳои дилери таъсис диҳанд то дар оянда ба тавлиди таҷҳизот дар дохили ин ҷумҳурӣ даст зананд, иттилоъ додааст дар мусоҳиба бо хабаргузории ТАСС намояндагии тиҷории Русия дар Тоҷикистон Евгений Коренков.
“Беҳтарин холдинги саноатӣ дар Русия “Гурӯҳи муттаҳидшудаи мошинсозӣ”-и истеҳсоли таҷҳизоти махсус аллакай бо корхонаи тоҷикистонии ҶДММ “Ремспецмаш” созиш кардаанд ва омоданд дар ҷумҳурӣ барои фурӯш ва нигоҳдории таҷҳизот маркази дилерӣ таъсис диҳанд. Дар оянда нақша доранд корхонаи бузурги васлкунӣ таъсис ёбад”, — гуфт Коренков.
Ба гуфтаи намояндаи тиҷорати Русия, Чин дар ин бозор ҳамчунон пешсаф аст, аммо истеҳсолкунандагони Русия тамоми имкони пешниҳоди маҳсулоти рақобатпазирро доранд.
Евгений Кореньков торговый представитель РФ в РТ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.12.2021
Коренков сабаби афзоиши савдо миёни Тоҷикистону Русияро шарҳ дод
Вай ҳамчунин ба таваҷҷуҳи ширкати русии "Ростсельмаш" барои таъмини техникаи кишоварзӣ ба Тоҷикистон, ки беш аз 50 дарсади аҳолии ин кишвар ба соҳаи кишоварзӣ машғул аст, ки маҳсулоташ 30 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил медиҳад, ишора кард.
"Ин бузургтарин соҳаест, ки парки техникаҳои кишоварзӣ фарсуда шудааст ва аз ин рӯ талафоти зиёди ҳосил сурат мегирад", - афзуд Коренков.
Вай инчунин дигар лоиҳаҳоро дар соҳаи мошинсозӣ, ки дар Тоҷикистон амалӣ мешаванд, шарҳ дод.
Ба гуфтаи ӯ, лоиҳаи интиқоли техникаи коммуналӣ аз Русия ба хоҷагии коммуналии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҷумҳурӣ ва хадамоти оташнишонӣ фаъолона таблиғ мешавад.
“Дар ояндаи наздик фурӯшгоҳи “Автоваз” дар Душанбе ифтитоҳ мешавад, гуфтушунидҳо аллакай сурат гирифтаанд”, - гуфт Коренков
Вай қайд кард, ки ин муҳим аст, зеро Тоҷикистон ягона кишвари ИДМ буд, ки дар он фурӯшгоҳи ин корхона вуҷуд надошт.
Лентаи хабарҳо
0