Дархости кумаки даҳҳо ҳазор муҳоҷирони корӣ ба намояндагии вазорати меҳнат

© Sputnik / Максим Блинов / Гузаштан ба хазинаи аксМэр Москвы С. Собянин принял участие в открытии здания миграционного центра
Мэр Москвы С. Собянин принял участие в открытии здания миграционного центра - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.12.2021
Намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия дар соли равон ба даҳҳо ҳазор муҳоҷирони корӣ машварат ва тавсияҳои ҳуқуқӣ ва кӯмакҳои ҳуқуқии амалӣ расонидааст
ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Тибқи иттилои намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷкистон дар Русия, дар соли 2021 вобаста ба татбиқи иҷрои фармони мазкур дар самти қонунигардонии шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия ба 18610 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Тоҷикистон машварат ва тавсияҳои ҳуқуқӣ расонида шуда, аз ин шумора 14857 нафар тавсияҳои ҳуқуқӣ ва ба 35763 нафар шаҳрвандон кӯмакҳои ҳуқуқии амалӣ расонида шудааст.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки дар соли ҷорӣ масъулини Намояндагӣ 221 вохӯриву мулоқотҳо бо муҳоҷирони меҳнатӣ анҷом доданд.
Қайд карда шудааст, ки мақсади ин гуна дидорҳо бо муҳоҷирон тақвияти корҳои иттилоотӣ, барои тавсия ва машваратҳои ҳуқуқӣ дар раванди қонунигардонии муҳоҷирони меҳнатӣ, ки ғайри расмӣ дар қаламрави Русия қарор доранд, мебошад.
Посетитель в многофункциональном миграционном центре Москвы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.12.2021
Ҳушдори мақомот ба муҳоҷирон: Ё худро дар Русия ба қайд гиред ё ин кишварро тарк намоед
Ҳамзамон Намояндагӣ қайд кардааст, ки дар соли ҷорӣ масъулини ин ниҳоди давлатӣ барои сари вақт баррасӣ ва бартараф намудани мушкилоти ба миёномадаи муҳоҷирони меҳнатӣ, таҳким бахшидан ва рушди ҳамкориҳо бо давлати қабулкунанда дар масоили муҳоҷират бо дарназардошти ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ бо Сарраёсати кор бо муҳоҷиратии ВКД Русия, прокуратура, суд, шӯъбаҳои полис, Кумитаҳои тафтишотӣ, Марказҳои нигаҳдории шаҳрвандони хориҷӣ ташкилоту созмонҳои давлативу ҷамъиятӣ 83 мулоқоту вохӯриҳои судманди кориро роҳандозӣ намуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала