Раҳмон: Дар соли 2022 Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди худ ворид мегардад

© Пресс-служба президента РТПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.12.2021
Раисҷумҳури Тоҷикистон мардуми кишварро бо Соли нав табрик карда, қайд намуд, ки соли 2021 дар таърихи давлатдории навини миллии тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон мардуми тоҷикро бо Соли нави 2022 табрик карда, ба халқи тоҷик тандурустиву хушбахтӣ, иқболи нек ва файзу баракат таманно кард, иттилоъ медиҳад, хадамоти матбуоти президенти ҶТ.
Президенти кишвар қайд намудааст, ки соли 2021, ки сипарӣ шуда истодааст, барои Тоҷикистони азизи мо соли воқеан таърихӣ гардид.
Вай гуфт, дар соли 2021 истиқлолияти давлатии тоҷикон, яъне давлати миллии мо сисола шуд ва мардуми Тоҷикистон ин санаи муқаддасу бузургро бо ифтихору сарфарозӣ ва шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифтанд.
"Аз ин лиҳоз, соли 2021 дар таърихи давлатдории навини миллии тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд”, - гуфт роҳбари кишвар.
Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошиаш ёдрас шудааст, ки мардуми шарафманду заҳматдӯсти мо, соҳибкорону тоҷирони ватандӯст ва шахсони саховатпеша ба хотири истиқболи арзандаи ин ҷашни бузурги миллӣ сарҷамъу аҳлона кор карданд ва садоқати худро ба Ватан ва арзишҳои истиқлолияту озодии сарзамини аҷдодии худ исбот намуданд.
Президент РФ В. Путин встретился с президентом Таджикистана Э. Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.12.2021
Раҳмон Русияро шарики асосии Тоҷикистон хонд
“Дар натиҷаи заҳмати софдилона, фаъолияти содиқона ва саъю талоши ватандӯстонаи халқи Тоҷикистон тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар то дурдасттарин деҳот ва маҳалҳои аҳолинишин хеле ободу зебо гардида, бисёр мушкилоти иҷтимоии сокинони мамлакат бартараф карда шуданд”, - афзуд Эмомалӣ Раҳмон.
Вай инчунин қайд кардааст, ки дар соли 2021 Тоҷикистон дар ҳамаи соҳаҳо ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, шароити зиндагии мардум дар муқоиса бо солҳои пешин беҳтар шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, вазифаҳои Ҳукумати кишвар, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар ҷодаи таъмин намудани рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар барои панҷ соли оянда, яъне то ҷашни 35-солагии истиқлолияти давлатӣ ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ муайян ва мушаххас мебошанд.
“Ҳоло вазифаи ҳар яки мо – шаҳрвандони Тоҷикистони соҳибистиқлол аз он иборат аст, ки ба хотири иҷрои ҳадафҳои дар наздамон қарордошта ва нақшаву барномаҳои қабулкардаамон боз ҳам бештар заҳмат кашем. Зеро дар баробари дастоварду пешравиҳои то имрӯз ноилшудаамон дар зиндагии мардумамон ҳанӯз мушкилоту масъалаҳои зиёди ҳалталаб вуҷуд доранд”, қайд кардааст президенти кишвар.
Ҳамзамон роҳбари Тоҷикистон қайд кардааст, ки вазъияти минтақа ва ҷаҳон торафт мураккабу пешгӯинашаванда гардида, илова бар ин, мушкилоти глобалӣ – гармшавии иқлим, хушксоливу камобии пайиҳам, болоравии нархи маҳсулоти ғизоӣ, сӯзишворӣ ва камчин шудани маводи озуқа боиси ба вуҷуд омадани бисёр масъалаҳои мубрам дар ҳаёти аҳли башар гардида истодааст.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.12.2021
Раҳмон дар тӯли ду моҳ 60 иншоот ифтитоҳ кард
“Дар чунин шароит мо бояд кӯшиш кунем, ки аз захираву имкониятҳои мавҷуда ҳарчи самараноку оқилона истифода карда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро афзоиш диҳем, бозори истеъмолӣ, яъне талаботи мардумро бо маводи ғизоӣ боз ҳам беҳтар таъмин кунем, иқтидори содиротии кишварро тақвият бахшем ва ба масъалаи сарфаю сариштакорӣ эътибори аввалиндараҷа зоҳир намоем”, - таъкид кардааст кишвардори Тоҷикистон.
Инчунин Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар такони ҷиддӣ бахшидан ба пешрафти саноат мебошад.
“Рушди саноат яке аз омилҳои муҳимтарини тараққиёти давлат, афзоиши даромади буҷет, бо молу маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ таъмин кардани сокинони кишвар ва фароҳам овардани даҳҳо ва садҳо ҳазор ҷойи нави кор барои ҳамватанонамон ба ҳисоб меравад”, - гуфт роҳбари кишвар.
Эмомалӣ раҳмон дар пайёмаш илова кардааст, ки бо анҷом ёфтани соли 2021, яъне сиюмин солгарди истиқлолияти давлатӣ ва фаро расидани соли 2022 кишвари мо ба марҳалаи нави рушди худ ворид мегардад.
Вай гуфт тамоми саъю талоши мо дар ин давра бояд ба хотири боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани маҳбубамон, минбаъд низ пешрафтаву нерӯманд намудани давлати соҳибистиқлоламон, аз имрӯза беҳтар сохтани шароити зиндагии халқамон ва дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштани обрӯи давлати соҳибихтиёри тоҷикон, яъне бо дастовардҳои арзанда истиқбол намудани ҷашни бузурги 35-солагии истиқлолу озодии Тоҷикистони биҳиштосоямон равона карда шавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала