Завқизода: Нақшаи зиддибуҳронӣ таъсири омилҳои коронавирус ба иқтисоди миллиро кам кард

© Пресс-служба Минэкономразвития и торговли ртМинистр экономического развития и торговли Таджикистана Завки Завкизода
Министр экономического развития и торговли Таджикистана Завки Завкизода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.12.2021
Обуна шудан
Вазири иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар табрикоти солинавиаш гуфт, дар Соли нав нақшаҳои навро тарҳрезӣ хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Завқи Завқизода, вазири иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар табрикоти солинавиаш қайд кардааст, ки дар натиҷаи амалӣ намудани Нақшаи зиддибуҳронии Ҳукумати кишвар таъсири омилҳои берунӣ вобаста ба паҳншавии пандемияи коронавирус ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ то андозае пешгирӣ ё кам карда шуд.
Вай ҳамчунин гуфт, ки нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар сатҳи нисбатан муътадил таъмин гардиданд.
“Коллективи вазорат дар самтҳои таҳлил ва дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, ҳамкориҳои иқтисодии хориҷӣ, рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, танзими савдои хориҷӣ ва дохилӣ, мониторинги барномаҳо ва тақвияти минтақаҳо, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, фаъолияти МОИ ва моликияти зеҳнӣ тадбирҳои амалиро дар соли сипаригашта роҳандозӣ намуданд”, таъкид доштааст вазир.
Строительство Деревни Универсиады-2023 в Екатеринбурге - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.12.2021
Вазорати рушди иқтисод: Муҳоҷирон дар Русия маошро боло мебаранд
Завқи Завқизода илова кардааст, ки вазорат лоиҳаҳои Барномаи миёнамуҳлати рушди Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, Барномаи давлатии рушди содироти Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва Барномаи миёнамуҳлати иқтисоди рақамии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 таҳия намуд, ки ҳамаи онҳо бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати ҷумҳурӣ қабул шуданд.
Вазири иқтисоди изҳори умедвори кардааст, ки дар соли 2022 барои иҷрои ҳадафу афзалиятҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва иҷрои вазифаҳои худ талоши аз ин бештар хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0