Минеев гуфт, чаро Чоршанбиевро аз Русия ихроҷ карданд - навор

© Instagram Чоршанбе ЧоршанбиеваЧоршанбе Чоршанбиев
Чоршанбе Чоршанбиев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.01.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Владимир Минеев яке аз сабабҳои ихроҷи Чоршанбиев аз Русияро мутобиқ нагаштани ӯ ба муҳит унвон кард
ДУШАНБЕ, 1 янв — Sputnik. Размкори шинохтаи рус Владимир Минеев ихроҷи Чоршанбе Чоршанбеевро аз Русияро дар суҳбат бо YouTube- канали Святослав Коваленко шарҳ дод.
"Чоршанбе намояндаи дурахшони поп ММА мебошад. Ҷойи нохуб ин аст, ки ӯ ба муҳити Масква мутобиқ шуда натавонист. Аммо ба ҳар ҳол, ӯ каме ҳошияравӣ мекард. Ба фикрам ӯ мутобиқ нашуд. Ба ибораи дигар, вай дар ин нақш зиёдаравӣ кард. Дар баъзе ҷой бояд нақшофарӣ кард ва дар ҷойи дигар чун инсони маъмулӣ буд. Маълум буд, ки ӯ дар олами худ зиндагӣ мекунад", - гуфтааст Минеев.
Ӯро барои вайрон кардани қоидаҳои роҳ бадарға кардаанд. Қоидаҳои ҳаракати роҳ қонунҳои ғайриоддӣ мебошанд, ки шахс аз онҳо ба ҷамъият ворид шуданро оғоз мекунад. Ба ту аз роҳ гузашт, ҳаракат кардан ва ё одамонро назадро меомӯзанд, гуфтааст размкори рус.
Ба гуфтаи Минеев, қоидаҳои ҳаракат қоидаҳои ҳадди ақал барои будан дар ҷомеаи мутамаддин мебошанд. Агар онҳоро вайрон кардед, пас шумо бемаданият ҳастед ва бояд аз ҷомеаи мутамаддин ронда шаванд, ки ҳамин тавр ҳам шуд.
Минеев гуфт, дар умум Чоршанбиев як варзишкори тавоно ва дорои андешаи худ бод ва муҳорибаҳои диданӣ дошт, ки бо ихроҷи ӯ поп ММА як ситораашро аз даст дод.
"Хуб аст, ки инсон нуқтаи назари худро дошта бошад, аммо вақте ки аз афкори умум дур мешавад, ҳатто мухолифат мекунад, ба ҳеҷ чизи хубе оварда намерасонад", - таъкид мекунад размкор.
Ёдовар мешавем, размкори шинохтаи тоҷики ширкати "Fight Nights Global промоушн" Чоршанбе Чоршанбиев барои пойга дар нақби Лефортово рӯзи сеюми декабри соли 2021 боздошт гардида буд.
Пас аз 27 рӯз ҳукм алайҳи варзишгар содир шуд ва Чоршанбиевро ба Тоҷикистон ихроҷ карданд. Бо вориди Тоҷикистон шудан варзишкор бо иттиҳоми барангехтани кинаю адовати миллию маҳаллӣ ва даъвати оммавӣ дар ҷиҳати тағйир додани сохти конститутсионии Тоҷикистон боздошт шуд.
Алайҳи ӯ бар асоси моддаҳои 189 ва 307-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда боз гардидааст.
Чоршанбе Чоршанбиев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.12.2021
Таҳдиди то 20 соли зиндон ба Чоршанбеев: шарҳи расмии ҳабсу айби размкор ва блогер
Чоршанбиев 26 сол дошта, дар Хоруғ таваллуд шудааст. Ӯ пас аз хатми мактаб ба варзишҳои навъи киокушинкай, каратэ ва баъд ба муҳорибаи омехта рӯй овард.
Варзишгари ҷавон дар мусобиқаҳои дохиликишварӣ ва ҳам хориҷ аз он ширкат кардааст. Вай аз соли 2016 дар Маскав ба сар мебарад. Чоршанбиев як узви "Fight Nights Global", қаҳрамони Ҷоми ҷаҳонии IFFCF-MMA ва размандаи феълии MMA мебошад. Ӯ миёни мардум бо суханони баҳсбарангези худ маъруф аст.
Номбурда дар муҳорибаҳои омехта чаҳор пирӯзӣ, як мусовӣ ва ду бохт дорад. Бори охир ӯ моҳи сентябри соли гузашта дар мусобиқаи "Fight Nights Global" бар Радомир Филиппови рус пирӯз шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0