Вазъият доғтар мешавад: Дар ҶХЛ аз ҷамъшавии нерӯҳои украинӣ дар хатти тамос гуфтанд

© Sputnik / Сергей Аверин / Гузаштан ба хазинаи аксСитуация на передовой в ЛНР
Ситуация на передовой в ЛНР - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.01.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Шибҳанизомиёни Ҷумҳуриҳои худмухтори Луганск мегӯянд, Қувваҳои мусаллаҳи Украина нерӯҳоро ба мактабе, ки дар деҳаи Валуйское ишғол кардаанд, мекашанд
ДУШАНБЕ, 2 янв — Sputnik. Артиши Украина мавқеъҳои оташкушоияшро дар як мактаби деҳаи Валуйское дар наздикии хатти тамоси Донбасс муҷаҳҳаз мекунад, гуфт Иван Филипоненко, сухангӯи расмии шибҳанизомиёни Ҷумҳурии худмухтори Луганск.
"Рӯзи гузашта дар мактаби деҳаи ин шаҳрак, ки санаи 27 декабр аз ҷониби ҷангиёни миллатгароҳои украинӣ тасарруф шуда буд, истиқрори ситоди воҳиди тактикии миллатгароён ва техника дар синфхонаҳои таълимии мавқеъҳои тирандозӣ идома дорад", - гуфт ӯ.
Ба иттилои манбаъ, дар наздикии бино мошинҳои зиёде бо афроди мусаллаҳ, таҷҳизоти иктишофии артиллерӣ, "мушоҳида ва таъини ҳадаф, инчунин радиостансияҳо" сабт шудаанд.
"Истифодаи Киев аз бинои мактаби миёна дар деҳаи Валуйское барои ҷойгир кардани қароргоҳи воҳиди ҷангӣ ва нуқтаи назорати саҳроӣ барои артиллерияи украинӣ нақзи дағалонаи созишномаи оташбас ва нақзи дағалонаи қонуни байналмилалии башардӯстона мебошад" , — гуфт дар хотима Филипоненко.
Мухин о Путине и его пресс-конференции: подведена черта для Украины и Запада - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.12.2021
Сиёсатшинос: Путин барои Украина ва Ғарб хатту нишон кашид - видео
Ёдовар мешавем, дар Донбасс аз тобистони соли 2020 барои таъмини оташбас чораҳои иловагӣ андешида шуданд.
Ба оташбас, комилан манъ кардани тирпарронӣ, дар маҳалҳои аҳолинишин ва наздикии он ҷой додани яроқу аслиҳа, амалиёти хуҷуму иктишофӣ ва харобкорӣ дохил мешавад
Инчунин муҷаҳҳаз кардани мавқеъҳо ва истифодаи дронҳо дар наздикии хатти тамос манъ аст.
Лентаи хабарҳо
0