Сармоягузор арзҳоеро номбар кард, ки пас аз лираи турк дар соли 2022 фурӯ хоҳанд рафт

© Sputnik / СтрингерУзбекские денежные знаки - сум
Узбекские денежные знаки - сум - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.01.2022
Мушкилоти иқтисодӣ дар соли 2022, зоҳиран, наметавонад кишварҳои Осиёи Марказиро дар канор гузорад
ДУШАНБЕ, 2 янв — Sputnik. Кадом асъори миллӣ ба далели фурӯпошии эпикии лираи турк хатари "вазн"-ро гум кардан дорад, гуфт Григорий Сосновский, директори шабакаи минтақавии кор бо муштариёни ширкати "Ҷаҳони сармоя" дар мусоҳиба бо агентии "Прайм".
Вай қайд кард, ки мушкилот дар иқтисоди Туркия хеле пеш аз пандемия оғоз ёфтаанд ва он чизе, ки ҳоло мушоҳида мешавад, натиҷаи сиёсати иқтисодии президент Раҷаб Тайиб Эрдуғон аст.
Коршинос вазъи бозори кишварро чунин шарҳ дод: пули миллӣ босуръат поин меравад, захираҳои асъории давлатӣ коҳиш меёбанд, сармоягузорони хориҷӣ аллакай аз дороиҳои Туркия ба хориҷ дур мешаванд ва ҳатто фирор мекунанд.
Денежные купюры США - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.01.2022
Бо доллар дар соли 2022 чӣ мешавад: пешгӯии дақиқи иқтисоддонҳо
Сосновский шарҳ дод, ки сабаби ин вазъ дар бозори Туркия он аст, ки Эрдуғон аслан назорати Бонки марказиро ба даст гирифт.
Ин мутахассис ҳамчунин чанд кишвареро номбар кард, ки дар онҳо низ фурӯпошии пули миллӣ дар соли 2022 мумкин аст.
Ҳамзамон, ӯ ба кишварҳои дорои иқтисодашон дар ҳоли рушд, ки мушкилоти онҳо барои сармоягузори рус таъсири амалӣ доранд, тамаркуз кард.
Дар байни чунин давлатхо Сосновский Узбекистон, Бразилия ва Аргентинаро номбар кард.
Дар Узбекистон, бино ба пешгӯии коршинос, дар соли оянда низ коҳиши бемайлони қурби пули миллӣ дар баробари доллари амрикоӣ идома хоҳад дод. Сабаб дар он хоҳад буд, ки авҷи арзиши ашёи хом ва захираҳои энергетикӣ барои содирот дар соли 2021 поин рафт, яъне беқурбшавӣ як роҳи пур кардани буҷаи миллии ҷумҳурии Осиёи Марказӣ ба назар мерасад.
Афганский торговец держит пачки долларов США и афгани на Сарай-Шахзаде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.12.2021
Суқути афғонӣ дар муқобили доллар: чаро пули миллии Афғонистон беарзиш шуд?
Эҳтимол дорад, ки барои ба эътидол овардани вазъи бозор, Бразилия низ нархҳоро коҳиш медиҳад ва ин маънои онро дорад, ки пули миллӣ дар баробари доллар коҳиш хоҳад ёфт.
Ҳамзамон буҳрони иқтисодӣ даҳсолаҳост, ки Аргентинаро тарк намекунад. Песои Аргентина дар баробари доллар босуръат ва бемайлон поин меравад - аз соли 2016 инҷониб қурби асъор 6 маротиба беқурб шуд ва ин таърих анҷоми пешбинишаванда надорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала