Шарҳи Шӯрои уламои Тоҷикистон дар бораи ипотекаи шаръӣ: ҷоиз ҳаст ё на?

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкСвязка ключей от квартир многоэтажного жилого дома, архивное фото
Связка ключей от квартир многоэтажного жилого дома, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.01.2022
Обуна шудан
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ипотекаи шаръиро аз нигоҳи ислом шарҳ додааст
ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Муҳаммад, корбари сомонаи Шӯрои уламои Тоҷикистон, аз ин ниҳод хостааст, ки дидгоҳи ислом дар бораи ипотекаи шаръиро шарҳ диҳанд, ки то чи андоза дуруст астю
Ин корбар гуфтааст, ки ҳоло як намуди ипотекаи шаръӣ пайдо шудааст, ки тибқи талаботи он бонк нахуст хонаро харида, ҳаққи худро болои он мемонад ва пасон онро ба муштарӣ мефурўшад.
Шӯрои уламо посух додааст, ки чунин навъи хариду фурӯш аз нигоҳи ислом ҷоиз аст.
"Ин навъи фурӯш дар истилоҳи фиқҳ “байъ бит-тақсит” ном дорад, яъне фурўш ба тариқи ҳисса-ҳисса. Ин навъи фурӯшро фақеҳон иҷозат додаанд. (“Фиқҳи муомалот”, ҷ. 4, с. 104-105)", - гуфтааст Шӯро.
Ёдовар мешавем, қаблан хабарҳое буданд, ки Ширкати давлатии ипотекаи Қирғизистон ипотекаи давлатии мутобиқ ба меъёрҳои шариатро роҳандозӣ мекунад.
Дар ин кишвар Ширкати давлатии ипотека ва "Бакай Бонк" созишномаеро ба имзо расонидаанд, ки тибқи он, қирғизистониён метавонанд аз рӯи принсипҳои исломии маблағгузорӣ ипотека гиранд,
Тибқи созишнома, Ширкати давлатии ипотека "Бакай Бонк"-ро агенти худ таъин мекунад, ки тибқи муомилоти хариду фурӯш, қарзҳои ипотекӣ медиҳад.
Знак процента, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.12.2021
Дар Қирғизистон ипотекаи шаръӣ роҳандозӣ мешавад
"Дар ояндаи наздик барои нахустин бор қирғизистониён метавонанд соҳиби ипотекаи давлатии ҷавобгӯ ба меъёрҳои шариат шаванд", - гуфтанд дар ширкат.
Қайд карда мешавад, ки ин аввалин Маркази исломии молия дар Қирғизистон ва ИДМ мебошад, ки бар асоси принсипҳои исломии маблағгузорӣ хидматҳои молиро пешкаш мекунад.
Лентаи хабарҳо
0