Дар Ӯзбекистон Бобоҳои Барфӣ собиқадоронро бо Соли нав табрик карданд: видео

Обуна шудан
Як гуруҳи вижае аз ихтиёриён ва Бобоҳои барфӣ рӯзҳои Соли нав ба назди бознишатсагон меояд, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои муҳофизати Ватан ёрӣ расондаанд
Дар арафаи Соли нав дар Ӯзбакистон Бобои Барфӣ на танҳо ба назди кӯдакон меояд.
Дастаи байналмилалии ҷашни 75-умин солгарди пирӯзӣ бо дастгирии Хонаи рус дар Тошканд аксияи "Соли нав муборак, собиқадор!" баргузор кард.
Аз 31 декабри соли 2021 то 5 январи соли 2022 ихтиёриён бо либоси Бобои Барфӣ ба назди 50 собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, собиқадорони меҳнат меоянд.
Аз сирк то театр: Дар Душанбе тӯли як моҳ барномаи солинавӣ баргузор мешавад
Ин чорабинӣ дар Тошканд аллакай ба ҳукми анъана даромадааст — он бори сеюм аст, ки гузаронида мешавад. Дар он ҳар кас иштирок карда метавонад.
Мақсад аз баргузории маърака дастгирии собиқадорон дар давоми сол аст, на танҳо дар Рӯзи Ғалаба.
Табрикоти имсолаи собиқадоронро Sputnik Ӯзбекистон дар як гузориши видеоӣ нашр кардааст.
Лентаи хабарҳо
0