Аз 12 дараҷа гармӣ то 22 дараҷа сардӣ: пешгӯии ҳавои Тоҷикистон

© SputnikПервый снег в Душанбе
Первый снег в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.01.2022
Дар аксари манотиқи Тоҷикистон борону арф мебораду меғ мефарояд
ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво қисман абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо бориши борон ва барф ба амал меояд.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 4-9 дараҷа хунук, рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 17-22 дараҷа хунук, рӯзона 6-11 дараҷа сард мешавад, хабар медиҳад Ожонси ҳавошиносии кишвар.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи абрнок дар назар аст. Дар водиҳо асосан бебориш, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борон ва барф борида, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона аз 4 дараҷа хунук то +1 дараҷа гарм, рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6 дараҷа сард, рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои қисман абрнок шуда, дар ноҳияҳо борон ва барф борида, дар баъзе ноҳияҳо меғ мефарояд.
Зима в городе Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.01.2022
Ҳавсанҷон гуфтанд, рӯзҳои аввали соли нави тоҷикистониён чи гуна хоҳад буд
Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 дараҷа хунук, рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо шабона аз 2 дараҷа сард то 3 дараҷа гарм, рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо дар баъзе ҳолатҳо борон борида, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борон ва барф ба амал меояд ва дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 8+19 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7 дараҷа сард, рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои қисман абрнок шуда, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Ҳаво шабона 0+2 дараҷа хунук, рӯзона 10+12 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала