Ҳушдор аз се рӯзи тармафароӣ дар Тоҷикистон

Сход лавины, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.01.2022
Хатари фаромадани тарма асосан дар роҳҳои ВМКБ ва навоҳии тобеи марказ ҷой дорад
ДУШАНБЕ, 4 янв — Sputnik. Оҷонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон ҳавои ҳафтаи равонро пешгӯӣ намудааст.
Ба додаҳои ин ниҳод, рӯзҳои 5-6 январ дар ноҳияҳои тобеи марказ ва ҳамчунин роҳҳои ВМКБ хатари фаромадани тарма мавҷуд астӣ барои Ҳавои Тоҷикистон барои ҳафтаи равон
"Рӯзҳои 5-6 январ дар минтақаҳои алоҳидаи ноҳияҳои тобеи марказ ва ғарби ВМКБ фаромадани тарма пешгӯӣ мешавад", - омадааст дар хабари оҷонс.
Манбаъ меафзояд, ҳаво дар вилояти Хатлон қисман абрнок шуда, 6-7 январ дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд. Инчунин 6-8 январ дар ноҳияҳои алоҳида боришоти борону барф дар назар аст.
Дар вилояти Суғд ҳавои қисман абрнок, асосан бебориш пешгӯӣ шуда, танҳо 7 январ дар водиҳо дар баъзе ҳолатҳо бориши сусти борону барф ба амал меояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм мешавад.
Душанбе в снегу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.01.2022
Сардӣ ва барфу борону шадид: пешгӯии дақиқи обу ҳаво дар Тоҷикистон
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои қисман абрнок, 6-8 январ дар ноҳияҳои водигӣ баъзан борони суст борида, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борон ва барф ба амал меояд. 9 январ асосан бебориш (0,0-0,5мм) дар назар буда, 6-7 январ дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои қисман абрнок, асосан бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1-6 дараҷа хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 8-13 дараҷа хунук шуда, рӯзона 2-7 дараҷа хунук мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 20-25 , дар баъзе минтақаҳо то 29-31 дараҷа хунук ва рӯзона 6-11 дараҷа хунук шуда, дар баъзе минтақаҳо то 13-18 дараҷа сард хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала