Набераи президент хайрхоҳи сол эълон шуд

© Акс аз саҳифаи ФейсбукНабераи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон - Исмоил Маҳмадзоир
Набераи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон - Исмоил Маҳмадзоир - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.01.2022
Обуна шудан
Ҳафтаномаи "Тоҷикистон" радабандии 10 чеҳраи соли 2021 - ро ҷамъбаст кард, ки дар асоси он набераи президент, Исмоили Муҳаммадзоир хайрхоҳи сол эълон шуд
ДУШАНБЕ, 4 янв — Sputnik. Бар асоси назарсанҷие, ки ҳафтаномаи "Тоҷикистон" дар арафаи анҷоми соли 2021 баргузор кард, дар номинатсияи "Саховатпешаи сол" набераи президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аввалӣ шуд.
Манбаъ меафзояд, дар ин радабандӣ чеҳраҳое интихоб гардида буданд, ки барои ҷомеаи Тоҷикистон шиносанд ва ҳамчун саховатманд ном бароварда буданд.
Ҳамин тариқ, Исмоили Муҳаммадзоир, набераи Эмомалӣ Раҳмон бо касби 23 416 овоз хайрхоҳи сол эълон шуд.
Набераи президент ба оилаҳои аз офати табиӣ зарардида кумак расонд - акс
Номи Исмоил замоне расонаӣ шуд, ки ӯ ба зарардидагони офати табиӣ дар Тоҷикистон корвони мошинҳо бо кумакҳо ирсол мекард. Аз ҷумла аз имдодрасонии ӯ ба хонаводаҳои камбизоат дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ёдоварӣ шуд.
Илова бар ин, Исимоили Муҳаммадзоир ба 500 оилаи ниёзманд дар ВМКБ низ кумаки яквақтаи ғизоӣ ирсол карда буд. Хонаводаҳои ниёзманди ин вилоят кумакҳоро дар арафаи Иди сади Фитр дастрас карда буданд.
Исмоили Маҳмадзоҳир, фарзанди духтари калонии президент, Фирӯза Раҳмонова ва Маҳмадзоҳир Соибов мебошад, ки 21 сол дошта, соли гузашта аз хайрҳои кардааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ чандин гузориш нашр шуданд.
Хайри набераи Президент дар ВМКБ: Ҳукумат сарчашмаи даромадашро гуфт
Аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки дар замони пандемия ба беш аз 2 ҳазор оила маводи ғизоӣ кумак кардааст.
Калонтарин бозори шаҳри Бохтар "Ҳоҷӣ Шариф" - ро марбут ба хонаводаи Соҳибовҳо медонанд ва набераи Президент низ худро дар саҳифаи расмиаш дар инстаграм соҳибкор муаррифӣ мекунад.
Лентаи хабарҳо
0