Омилони оташ задани арчаи солинавӣ дар Вахш муайян шуданд: шарҳи ВКД - видео

© PixabayОгонь
Огонь - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.01.2022
Обуна шудан
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон омилони оташ задани арчаи солинавӣ дар ноҳияи Вахшро муайян намуданд
ДУШАНБЕ, 4 янв — Sputnik. Дар рӯзи сеюми Соли нав дар ноҳияи Вахш арчае, ки 16 метр баландӣ ва 6 метр паҳноӣ дошт, пурра сӯхта хокистар шуд.
Лаҳзаи сӯхтори арчаи солинавӣ дар ноҳияи мазкур ба шабакаҳои иҷтимоӣ низ роҳ ёфт.
Дар ҳамин ҳол, Вазорати умури дохила бо нашри як иттилоия хабар дод, ки омилони оташ задани ин арча муайян шуданд.
Бар хабари ин ниҳод, се ноболиғ, ки дуи онҳо бародарон ва сокинони Кӯшониён буда, як кӯдаки дигар сокини ҳамин ноҳия будааст, зимни бозӣ арчаро оташ задаанд.
Манбаъ афзуда, ки кӯдакон бо оташ бозӣ карданд ва аз беэҳтиётӣ дар арчаи солинавӣ сӯхтор ба амал омад.
Зикр гардид, ки алангаи оташ сари вақт аз ҷониби басти навбатдории қисми мустақили Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар ноҳияи мазкур хомӯш карда шуд.
В Казахстане в ночь на 1 января сгорела новогодняя елка - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.01.2022
Оташгирии арчаи солинавӣ дар Қазоқистон - видео
Ҳарчанд аз ин сӯхтор ягон нафар осеб надид, вале хисороти ин ҳодиса 2 ҳазор сомонӣ ҳисобида шудааст.
Дар ҳамин ҳол, нашрияи "Фараж" хабар додааст, ки арча аз тарақа (хлопушка) сӯхтааст ва то омадани мошини сӯхторнишон он аллакай пурра ба коми оташ рафта буд.
Манбаъ меафзояд, баъди оташ гирифтани арчаи ноҳияи Вахш дар дигар шаҳру навоҳӣ ба кандани арчаҳои солинавӣ шурӯъ карданд.
Лентаи хабарҳо
0