Сардӣ ва барфу борону шадид: пешгӯии дақиқи обу ҳаво дар Тоҷикистон

© Sputnik / Sputnik \ Амир ИсаевДушанбе в снегу
Душанбе в снегу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.01.2022
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон ҳавои абрноку тағйирёбанда ва бориши барфу борон пешгӯӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 4 янв — Sputnik. Дар Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон ҳавои қисман абрнок, дар баъзе ноҳияҳо боридани борону барф дар назар аст, хабар медиҳад Агентии обуҳавошиносӣ.
Ба итилои манбаъ, ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1-6, дар баъзе ноҳияҳо то 6-11 дараҷа хунук, рӯзона аз 2 дараҷа сардӣ то 3 дараҷа ҳаво гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 17-22 , дар баъзе минтақаҳо то 25-30 дараҷа хунук ва рӯзона 6-11 дараҷа сард шудани ҳаво дар назар аст.
Дар вилояти Суғд ҳавои қисман абрнок, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борон ва барф дар баъзе ноҳияҳо бориши бошиддат ба амал омада, тормеғ мефарояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона ҳаво 5-10 дараҷа гарм мешавад.
Зима в городе Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.12.2021
Ҳавосанҷон гуфтанд, зимистони тоҷикистониён чӣ гуна хоҳад буд
Манбаъ ҳавои вилояти Хатлонро низ тағйирёбанда пешгӯӣ мекунад. Боришоти барфу борон ва фаромадани тормеғ дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои қисман абрнок, дар водиҳо дар баъзе ҳолатҳо борон борида, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борон ва барф ба амал омада, тормеғ мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона 8-13 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок дар назар буда, дар баъзе ҳолатҳо борон борида, тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 1-3 ва рӯзона 8-10 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0